https://sputnik.tj/20220209/nohiya-kamzamin-muhojirat-dokhili-tajikistan-1045669219.html
Муҳоҷирати дохилӣ: сокинони ноҳияҳои камзамини Тоҷикистон кӯчонда мешаванд
Муҳоҷирати дохилӣ: сокинони ноҳияҳои камзамини Тоҷикистон кӯчонда мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони навоҳии камзамини кишварро ва минтақаҳои хавфнокро мекӯчонанд
2022-02-09T15:50+0500
2022-02-09T15:50+0500
2022-02-09T17:30+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷир
замин
кам
иҷтимоъ
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039859077_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_1b974a29fcd66248a60b0e8273e1a2e9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар доираи муҳоҷирати дохилии Тоҷикистон сокинон аз навоҳии камзамину минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои дорои замини бекорхобида кӯчонда мешаванд. Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар соли гузашта 375 оила аз ноҳияи камзамин ва минтақаҳои хавфнок ба навоҳии дигар муҳоҷир карда шуданд. Ӯ зимнан гуфт, дар соли 2021 23 оила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 161 оила дар Хатлон, 90 оила дар Суғд ва 101 оила дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муҳоҷир гардидаанд. Вазир афзуд, ба ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ қарзҳои имтиёзноку кумакпулӣ дода мешавад. Таъкид ба муҳоҷирати дохилӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба камбуди замин да кишвар талош мекунанд, дар ин замина чораҳои мухталиф андешанд. Аз ҷумла тасмим гирифта шудааст, ки дар шаҳрҳо кӯдакистону макотиби бисёрошёна бунёд гардаду дар кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурӣ бунёди сохтмонҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни як сафараш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ бо ишора ба камзаминӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақа ба ҳозирин заминҳои Данғараро барои кору иқомат пешниҳод намуд. Президент даҳҳо ҳазор ҳектор заминҳои Данғараро захираи тилоии давлати Тоҷикистон хонда, афзуд, ки одам даркор, то ин заминро истифода бараду кор кунад.
https://sputnik.tj/20220209/muhojirat-tojikistoniyon-ziyod-russia-1045661106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039859077_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_37ce475c0ed2edbae6741a93e2e6323c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокинон, навоҳӣ, камзамин, тоҷикистон, кӯчондан
сокинон, навоҳӣ, камзамин, тоҷикистон, кӯчондан
Муҳоҷирати дохилӣ: сокинони ноҳияҳои камзамини Тоҷикистон кӯчонда мешаванд
15:50 09.02.2022 (Навсозишуда: 17:30 09.02.2022) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони навоҳии камзамини кишвар ва минтақаҳои хавфнокро мекӯчонанд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар доираи муҳоҷирати дохилии Тоҷикистон сокинон аз навоҳии камзамину минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои дорои замини бекорхобида кӯчонда мешаванд.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар соли гузашта 375 оила аз ноҳияи камзамин ва минтақаҳои хавфнок ба навоҳии дигар муҳоҷир карда шуданд. Ӯ зимнан гуфт, дар соли 2021 23 оила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 161 оила дар Хатлон, 90 оила дар Суғд ва 101 оила дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муҳоҷир гардидаанд.
Вазир афзуд, ба ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ қарзҳои имтиёзноку кумакпулӣ дода мешавад.
Таъкид ба муҳоҷирати дохилӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба камбуди замин да кишвар талош мекунанд, дар ин замина чораҳои мухталиф андешанд. Аз ҷумла тасмим гирифта шудааст, ки дар шаҳрҳо кӯдакистону макотиби бисёрошёна бунёд гардаду дар кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурӣ бунёди сохтмонҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни як сафараш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ бо ишора ба камзаминӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақа ба ҳозирин заминҳои Данғараро барои кору иқомат пешниҳод намуд.
Президент даҳҳо ҳазор ҳектор заминҳои Данғараро захираи тилоии давлати Тоҷикистон хонда, афзуд, ки одам даркор, то ин заминро истифода бараду кор кунад.