https://sputnik.tj/20221119/nabera-emomali-rahmon-prezident-federatsiya-judoi-tojikiston-1052941068.html
Набераи Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд
Набераи Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд
Соли гузашта набераи президент "Хайрхоҳи сол" интихоб шуд. Ӯ то ҳол дастаи футболи "Равшан" ва ҳамчунин клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" -ро сарпарастӣ мекунад 19.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-19T14:18+0500
2022-11-19T14:18+0500
2022-11-20T10:32+0500
дар тоҷикистон
федератсияи дзюдои тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/13/1052942488_0:22:1080:630_1920x0_80_0_0_577576eb5d87962bac8dd2847edfc70c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Исмоили Маҳмадзоир набераи президенти Тоҷикистон вазифаи нав гирифт.Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Зикр гардид, ки Маҳмадзоир зимни ҷаласаи ғайринавбатии Конференсияи ФҶТ, дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд, бо ҷонибдории ҳамаи иштирокчиён президенти нав интихоб шуд. Ӯ дар ин симат Нурулло Лоиқовро иваз кард. Охирон бо хоҳиши худ ва дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер аз мансаб истеъфо дод ва пурра корашро тарк накард. Зеро ҳоло ӯ ҳамчун ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон кор мекунад.Ҳамин тариқ Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд.Набераи президент хайрхоҳи сол эълон шудИсмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 26 сол дошта, соли гузашта "Хайрхоҳи сол" интихоб шуд.Зикр гардид, ки ӯ дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.Илова бар ин, набераи президент дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлобро пайваста дастгирӣ намуда, клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф"-ро низ сарпарастӣ мекунад. Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд.
https://sputnik.tj/20221015/mavqe-tojikiston-raddabandi-jahonii-judo-malum-shud-1052158261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/13/1052942488_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_13369b70807741fd3d003a92cf77bcf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, федератсияи дзюдои тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш
дар тоҷикистон, федератсияи дзюдои тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш
Набераи Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд
14:18 19.11.2022 (Навсозишуда: 10:32 20.11.2022) Соли гузашта набераи президент "Хайрхоҳи сол" интихоб шуд. Ӯ то ҳол дастаи футболи "Равшан" ва ҳамчунин клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" -ро сарпарастӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Исмоили Маҳмадзоир набераи президенти Тоҷикистон вазифаи нав гирифт.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр гардид, ки Маҳмадзоир зимни ҷаласаи ғайринавбатии Конференсияи ФҶТ, дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд, бо ҷонибдории ҳамаи иштирокчиён президенти нав интихоб шуд.
Ӯ дар ин симат Нурулло Лоиқовро иваз кард. Охирон бо хоҳиши худ ва дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер аз мансаб истеъфо дод ва пурра корашро тарк накард. Зеро ҳоло ӯ ҳамчун ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон кор мекунад.
Ҳамин тариқ Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд.
Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 26 сол дошта, соли гузашта "Хайрхоҳи сол" интихоб шуд.
Зикр гардид, ки ӯ дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.
Илова бар ин, набераи президент дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлобро пайваста дастгирӣ намуда, клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф"-ро низ сарпарастӣ мекунад. Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд.