Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо маълум шуд

© Федерация дзюдо РТДзюдоист Комроншохи Устопириён
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Варзишгарон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мавқеъҳои нави худро муайян намуданд. Аз миёни онҳо беҳтарин натиҷаро Темур Раҳимов соҳиб аст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо рейтинги ҷаҳониро нашр кард, ки ба он варзишгарони Тоҷикистон низ шомил шудаанд.
Натиҷаи беҳтарин дар радабандии ҷудо миёни тоҷикон ба Темур Раҳимов тааллуқ дорад, ки дар вазни +100 кг мақоми аввалро ишғол мекунад. Ҳоло вай 4705 хол дорад.
Дар мақоми дуюм Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг қарор дорад. Вай 2597 хол дорад ва дар чаҳон ҷои 12-умро ишғол мекунад.
Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг дар байни ҷудочиёни тоҷик дар мақоми сеюм бо 1030 имтиёз ва дар ҷаҳон мақоми 34 - юмро аз худ намудааст.
Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар байни намояндагони Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб мекунад. Вай бо 891хол дар ҷои 41 -ум қарор дорад.
Открытие Дворца тенниса и водно-спортивного комплекса в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Душанбе барои нахустин бор мизбони мусобиқаи байналмилалии ҷудо Гран-При мешавад
Дар вазни 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода мақоми 43-юм гирифт. Ӯ 1017 имтиёз дорад. Шодмон Ризоев дар вазни 81 кг бо 786 имтиёз дар зинаи 51-уми рейтинг меистад.
Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кг дар ҷои 58-ум (700 имтиёз) қарор дорад.
Дар раддабандӣ ҳаштгонаи беҳтарин Сомон Маҳмадбеков қарор дорад. Ӯ қаблан аз 73 кг ба 81 кг гузашт ва ҳоло дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 590 имтиёз дар ҷои 67-ум қарор дорад.
Тоҷикистон дар раддабандии тимҳои ҷаҳонӣ (13253 имтиёз) дар ҷои 41-ум қарор дорад. Алҷазоир садрнишин буда, мақоми охиронро Булғористон касб намудааст.
Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон дар ҷойи 12, Ӯзбекистон 17, Қирғизистон 48 ва Туркманистон 66 - ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0