https://sputnik.tj/20221118/vazorati-difo-artishi-ukraina-besh-az-dah-asiri-rusro-ba-qatl-rasondaand-1052933510.html
Вазорати дифоъ: Артиши Украина беш аз даҳ асири русро ба қатл расондаанд
Вазорати дифоъ: Артиши Украина беш аз даҳ асири русро ба қатл расондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки низомиёни украинӣ қасдан беш аз даҳ сарбози артиши Русияро ба қатл расонданд
2022-11-18T20:25+0500
2022-11-18T20:25+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
украина
артиш
сарбозон
асир
вазорати дифоъи фр
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048811902_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f67bb8078c219fe28ca2efde8f52cc70.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, низомиёни украинӣ беш аз 10 низомии асиршудаи Русияро қасдан бо тирзадан ба сарашон куштанд, ки ин ҷиноятро касе наметавонад ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад."Қасдан ва ба таври методӣ кушта шудани беш аз даҳ низомии Русия аз ҷониби артиши Украина бо тирзани ба сари низомиёни мо дар пасманзари гӯё риояи кардани ҳуқуқи асирони ҳарбӣ аз ҷониби Киев касе наметавонад онро ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад”, — гуфта мешавад дар изхороти вазорат.Вазорати дифоъ афзуд, ки "далели нави видеоии нашршуда дар бораи куштори дастаҷамъи сарбозони бесилоҳи рус аз тарафи низомиёни ваҳшии украинӣ моҳияти ваҳшиёнаи режими кунунии Киевро таҳти сарварии Зеленский ва онҳое, ки аз он ҳимоя ва пуштибонӣ мекунанд, тасдиқ мекунад".Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.
https://sputnik.tj/20221117/nebenzya-polsha-ukraina-barkhurd-rusiya-nato-1052880241.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048811902_218:0:2949:2048_1920x0_80_0_0_bdf4c93e2b1fe21db7151769cd522595.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, артиш, асир, қатл, куштор, вазорати дифоъ, сарбозон
русия, украина, артиш, асир, қатл, куштор, вазорати дифоъ, сарбозон
Вазорати дифоъ: Артиши Украина беш аз даҳ асири русро ба қатл расондаанд
20:25 18.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки низомиёни украинӣ қасдан беш аз даҳ сарбози артиши Русияро ба қатл расонданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, низомиёни украинӣ беш аз 10 низомии асиршудаи Русияро қасдан бо тирзадан ба сарашон куштанд, ки ин ҷиноятро касе наметавонад ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад.
"Қасдан ва ба таври методӣ кушта шудани беш аз даҳ низомии Русия аз ҷониби артиши Украина бо тирзани ба сари низомиёни мо дар пасманзари гӯё риояи кардани ҳуқуқи асирони ҳарбӣ аз ҷониби Киев касе наметавонад онро ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад”, — гуфта мешавад дар изхороти вазорат.
Вазорати дифоъ афзуд, ки "далели нави видеоии нашршуда дар бораи куштори дастаҷамъи сарбозони бесилоҳи рус аз тарафи низомиёни ваҳшии украинӣ моҳияти ваҳшиёнаи режими кунунии Киевро таҳти сарварии Зеленский ва онҳое, ки аз он ҳимоя ва пуштибонӣ мекунанд, тасдиқ мекунад".
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.
Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.
Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.