Небензя: Лаҳистон ва Украина кӯшиш карданд, ки бархӯрди Русия ва НАТО-ро барангезанд

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СММ мегӯяд, Зеленский, ки Русияро айбдор карда, наметавонист надонад, ки мушакҳои партобии Украина ба Лаҳистон парвоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Украина ва Лаҳистон бо истифода аз афтиши мушакҳо дар марз кушиш карданд, ки даргирии мустақими Русия ва НАТО-ро ба вуҷуд оранд. Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя хабар дод.
Ба гузориши РИА "Новости", вай дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар атрофи Украина изҳор дошт.
"Агар вохӯрӣ ба нақша гирифта намешуд, он бояд барои баррасии кӯшиши Украина ва Лаҳистон барои барангехтани даргирии мустақим байни Русия ва НАТО даъват карда мешуд. Изҳороти комилан бемасъулиятонаи роҳбарияти ин ду давлатро дигар хел қабул кардан мумкин нест”, - гуфт Небензя.
Вай таъкид кард, ки президент Владимир Зеленский, ки Русияро гунаҳкор мекунад, наметавонист надонад, ки ба Лаҳистон мушакҳои партоби Украина парвоз кардаанд.
"Ин маънои онро дорад, ки ин на танҳо маълумоти бардурӯғ, балки кӯшиши огоҳона барои ҷалби НАТО, ки бо Русия дар Украина ҷанги прокси мебарад, ба даргирии мустақим бо кишвари мо аст", - гуфт Небензя.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Эрдуғон: НАТО бар он аст, ки Русия дар суқути мушакҳо дар Лаҳистон даст надорад
Рӯзи 15 ноябр расонаҳои Лаҳистон гузориш доданд, ки ду мушак ба минтақаи Люблин дар марз бо Украина афтод ва ду нафар кушта шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки мушаки дар Полша афтода сохти Русия аст.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар нишасти изтирории G7 ва раҳбарони НАТО бо ишора ба траекторияи парвози муҳимоти ҷангӣ, иддаъо дар бораи парвози мушак аз Русияро рад кард.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, он рӯз ба аҳдоф дар наздикии марзи Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршудаи бархе аз харобаҳо ба аслиҳаи Русия рабте надорад.
Вазорати дифоъ гуфт, аксҳое, ки дар Лаҳистон аз маҳалли ҳодиса дар Пржеводов нашр шудаанд, бешубҳа нишон медиҳанд, ки пораҳои мушаки системаи дифои зидди ҳавоии Украина С-300 аст.
Лентаи хабарҳо
0