Тоҷикистон метавонист пирӯз шавад: Сегрт гуфт, чӣ тавр аз пеш ба тими Русия фишор овард

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГлавный тренер национальной сборной Таджикистана Петр Сегрт
Главный тренер национальной сборной Таджикистана Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон арзёбиҳои сармураббии тими мунтахаби миллии ҷумҳуриро дар пайи сабқати дӯстона бо дастаи Русияр нашр кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Петр Сегрт тавзеҳ дод, ки чӣ тавр рӯзҳои қабл аз бозӣ тими Русияро таҳти фишор қарор додааст.
"Шумо шояд пай бурда бошед, ки рӯзҳои охир ман Русияро дар ҳолати ногувор мегузоштам, зеро нақши фаворитро ба Русия додам ва бо ин корам ҳама фишорро болои рақиб гузоштам", - овардааст ФФТ аз қавли Сегрт.
Вай афзуд, ҳама аз онҳо пирӯзиро интизор буданд ва худаш ҳам онҳоро фаворити асосӣ гуфт.
"Аз ҷиҳати психологӣ мо бештар озод будем. Рӯзноманигорон пурсиданд, ки чаро дар бораи қавитар будани Русия ин қадар ҳарф мезанам? Рақобат аз дақиқаҳои аввал не, балки чанд рӯз пеш аз он оғоз мешавад, метавон як навъ бартарии маънавӣ эҷод сохт, ки ман кардам", - гуфт ӯ.
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Мураббии тоҷик: тими Русия тавонмандие, ки дошт, нишон надод
Сегрт дар арзёбии натиҷаи бозии дӯстона изҳор дошт, ки Русия дастаи тавоносту барои тими Тоҷикистон мусовӣ муодили пирӯзист. Вай афзуд, ҳамчунин тими Тоҷикистон метавонист, ғалаба ҳам кунад, аммо Русия ҳам лаҳзаҳои худро дошт
Ба гуфтаи сармураббӣ, пас аз нимаи аввал ба бозигаронаш гуфтаст, ғолиб наоед ҳам, набояд мағлуб шавед.
"Ин барои тамоми Тоҷикистон, барои ҳама хеле муҳим буд. Ташаккур ба бозигарон, ки тавонистанд. Пеш аз ҳама, ин заҳмати онҳост. Инчунин ба ҳамаи мухлисон барои дастгирии зиёд ташаккур мегӯям. Дастгирӣ дар варзишгоҳ фантастикӣ буд", - гуфт сармураббӣ.
Маврид ба зикр аст, ки шоми 17 ноябр тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар пеш мунтахаби Русияро боз як бозии дӯстонаи дигар интизор аст, ки 20 ноябр бо мунтахаби Ӯзбекистон вориди майдон мешавад.
Лентаи хабарҳо
0