Мураббии тоҷик: тими Русия тавонмандие, ки дошт, нишон надод

© ФФТРустам Ходжаев стал новым главным тренером "Панджшера"
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Обуна шудан
Бозии тимҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Русия дар Душанбе аз дастаи меҳмон дида барои тими меҳмон муҳимтар буд, гуфт мураббии шинохтаи тоҷик
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Интизорӣ аз зарфияту тавонмандии тими Русия беш аз оне, ки буд, ки дар майдони Душанбе нишон дода шуд.
Ин нуктаро зимни арзёбии бозии рафиқонаи Тоҷикистон ва Русия, сармураббии бошгоҳи “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
"Он бозие, ки мухлисон интизор доштанд, надиданд. Ба назар чунин менамуд, ки бозигарони Русия ҳавасмандӣ ва ё ҳавсалае барои бозии зебо надоштанд”, - гуфт ӯ.
Мураббӣ таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон бозӣ мақсаднок ва ҳадафманд буд ва барои Русия танҳо бозии рафиқона. Маҳз ба ҳамин далел шояд тавоноии тими Русияро, ҳамон тавре, ки тасаввур карда мешуд, дида нашуд, гуфт Хоҷаев.
Ба гуфтаи ӯ, бозигарони тоҷик, ки барояшон чунин бозиҳо хело муҳим аст, ҳунари худро хуб ба намоиш гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар пеш мунтахаби Русияро боз як бозии дӯстонаи дигар интизор аст. Тими Карпин рӯзи 20 ноябр бо мунтахаби Ӯзбекистон вориди бозӣ мегардад.
Телеведущий Дмитрий Губерниев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Намедонем, ҳадаф чӣ буд: Шореҳи маъруфи Русия дар бораи бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифта, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор дорад.
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0