Қарори ҳукумат дар бораи хуруҷи генерал Хуршед Муҳаммадзода

© Пресс-служба президента ТаджикистанаХуршед Изатулло Мухаммадзода. Архивное фото
Хуршед Изатулло Мухаммадзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат генерал Хуршед Муҳаммадзодаро аз як мақомаш дар Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ маҳрум кардааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Генерал Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло аз ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон берун карда шудааст.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо намудаст. Дар қарор далели берун кардани генерал Муҳаммадзода аз ҳайати мушовараи ВУД зикр нашудааст.
Дар сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Хуршед Муҳаммадзода ҳамоно ҳамчун сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД қайд шудаст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон назначил новые кадры в МВД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Як полковник ворид шуду 2 генерали тоҷик хориҷ: қарори ҳукумат барои тағйирот дар ВКД
Генерал майор Хуршед Муҳаммадзода моҳи майи соли 2015 ба ҷои Гулмурод Ҳалимови фирорӣ дар вазифаи сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВУД Тоҷикистон таъйин шуд.
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи ВУД Тоҷикистон, генерал Муҳаммадзода Хуршед соли таваллудаш 2 марти соли 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқӣ буда, дар мақомоти қудратӣ аз 13 майи соли 1990 хизмат мекунад. Ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вазорати дифоъ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз ҷумла дар вазифаҳои сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД хидмат кардааст.
Лентаи хабарҳо
0