https://sputnik.tj/20221023/polkovnik-vorid-general-taghyirot-vkd-1052367982.html
Як полковник ворид шуду 2 генерали тоҷик хориҷ: қарори ҳукумат барои тағйирот дар ВКД
Як полковник ворид шуду 2 генерали тоҷик хориҷ: қарори ҳукумат барои тағйирот дар ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии кишвар тағйироти кадриро ворид намуд
2022-10-23T16:00+0500
2022-10-23T16:00+0500
2022-10-23T16:01+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
душанбе
фармон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102759/27/1027592751_0:19:2049:1171_1920x0_80_0_0_7c87f6f94b60e7cf5146a7372ebe271a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҷабборзода Холмурод Холбобо узви нави ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин карда шудааст. Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо намуд. Бар асоси ин қарор аз ин ҳайат 2 генерал хориҷ гардиданд. Аз ҷумла Назарзода Шариф Раҳмон, ки аз моҳи феврали соли равон сардори раёсати умури дохилии ВМКБ мебошад. Инчунин генерал Карим Солиев ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Тоҷикистон таъйин шуд. Холмурод Ҷабборзода, ки тоза ба ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, аз моҳи феврали соли равон роҳбарии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ин ниҳодро ба уҳда дорад. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷабборзода 12-уми феврали соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Фаъолияташро аз соли 1990 дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи онвақтаи Октябрский, ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазифаҳои муфаттиш оғоз карда, баъдан ба кор дар бахшҳои дигари мақомоти дохилиро идома додаст.
https://sputnik.tj/20221003/behtarin-kormand-operativi-khatlon-1051829247.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102759/27/1027592751_114:0:1931:1363_1920x0_80_0_0_0a6557e105495bf3f47e440cf2f31926.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарор, тағйирот, мушовара, вкд
қарор, тағйирот, мушовара, вкд
Як полковник ворид шуду 2 генерали тоҷик хориҷ: қарори ҳукумат барои тағйирот дар ВКД
16:00 23.10.2022 (Навсозишуда: 16:01 23.10.2022) Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии кишвар тағйироти кадриро ворид намуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҷабборзода Холмурод Холбобо узви нави ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин карда шудааст.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо намуд.
Бар асоси ин қарор аз ин ҳайат 2 генерал хориҷ гардиданд. Аз ҷумла Назарзода Шариф Раҳмон, ки аз моҳи феврали соли равон сардори раёсати умури дохилии ВМКБ мебошад.
Инчунин генерал Карим Солиев ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Тоҷикистон таъйин шуд.
Холмурод Ҷабборзода, ки тоза ба ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, аз моҳи феврали соли равон роҳбарии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ин ниҳодро ба уҳда дорад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷабборзода 12-уми феврали соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро аз соли 1990 дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи онвақтаи Октябрский, ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазифаҳои муфаттиш оғоз карда, баъдан ба кор дар бахшҳои дигари мақомоти дохилиро идома додаст.