https://sputnik.tj/20221116/tojikiston-tojikon-qavmi-afghoniston-1052879185.html
Тоҷикистон аз вазъи тоҷикони қавмӣ дар Афғонистон нигарон аст
Тоҷикистон аз вазъи тоҷикони қавмӣ дар Афғонистон нигарон аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти "формати Маскав" дар мавзӯи Афғонистон аз бархӯрд бо тоҷикон дар ҷумҳурии ҳамсоя изҳори нигаронӣ кард
2022-11-16T22:00+0500
2022-11-16T22:00+0500
2022-11-16T22:00+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
амният ва мудофиа
вафо ниятбеков
тоҷикон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765305_0:0:2300:1295_1920x0_80_0_0_3a11b6affe6f63ee48cde4633be0d3a5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Таъқиб ва куштори тоҷикон дар Афғонистон боиси нигаронии бештари Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати пажӯҳиши стратегии вазорати хориҷаи кишвар, дар нишасти "формати Маскав", машваратҳо оид ба Афғонистон изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамарӯза дар хоки толибон кушта мешаванд. "Мо ба таври қатъӣ ба нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои этникии мухталиф дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ходимони собиқи низомӣ ва фарҳангии давлатӣ мухолифем", — гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ. Толибон дар ташкили давлати фарогир ноком будаандВай таъкид кард, ки Тоҷикистон то ҳол таъсиси як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо ширкати намояндагони сиёсӣ ва этникӣ надидааст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044765305_131:0:2143:1509_1920x0_80_0_0_2b0b3da0b3c5baf052ea1c3e1f29b8b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷикони қавмӣ, афғонистон
тоҷикистон, тоҷикони қавмӣ, афғонистон
Тоҷикистон аз вазъи тоҷикони қавмӣ дар Афғонистон нигарон аст
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти "формати Маскав" дар мавзӯи Афғонистон аз бархӯрд бо тоҷикон дар ҷумҳурии ҳамсоя изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Таъқиб ва куштори тоҷикон дар Афғонистон боиси нигаронии бештари Тоҷикистон шудааст.
Дар ин бора, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати пажӯҳиши стратегии вазорати хориҷаи кишвар, дар нишасти "формати Маскав", машваратҳо оид ба Афғонистон изҳор дошт.
"Мо борҳо аз шикори густурдаи тоҷикон изҳори нигаронӣ кардаем, ки ин бахусус дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт - Кобул ва як қатор манотиқи шимолии Афғонистон ба назар мерасад", - гуфт Ниятбекзода.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамарӯза дар хоки толибон кушта мешаванд.
"Мо ба таври қатъӣ ба нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои этникии мухталиф дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ходимони собиқи низомӣ ва фарҳангии давлатӣ мухолифем", — гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон то ҳол таъсиси як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо ширкати намояндагони сиёсӣ ва этникӣ надидааст.