https://sputnik.tj/20221116/masir-dushanbe-chanoq-bast-1052872843.html
IRS масири Душанбе-Чаноқро ба рӯи якқатор мошинҳо баст
IRS масири Душанбе-Чаноқро ба рӯи якқатор мошинҳо баст
Sputnik Тоҷикистон
IRS мегӯяд, чунин тадбир ба мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати мошинҳои сабукрав дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳандозӣ шудааст
2022-11-16T16:41+0500
2022-11-16T16:41+0500
2022-11-16T18:13+0500
нақлиёт
роҳ
баста шудан
баста шудани роҳҳо
барф
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052872650_0:4:960:544_1920x0_80_0_0_b8fe9a32a407d442ddff982e0818be70.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Ҳаракати "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.Дар ин бора хадамоти матбуотии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки чунин тадобир ба хотири таъмини ҳаракати мошинҳои сабукрав дар ин масир роҳандозӣ шудааст.Сабаби баста шудани роҳро ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” бориши зиёди барф гуфтааст.IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагонМанбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир, дар роҳи Душанбе - Чаноқ, хоса минтақаҳои Варзоб ва Шаҳристон тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.Ин дар ҳолеест, ки КҲФ аз ду рӯзи сард ҳушдор дода буд. Тибқи гузориши ин ниҳод рӯзҳои 16-18 ноябр дар манотиқи кӯҳҳии кишвар, хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.Дар баробари ин, ҳаво дар ин рӯзҳо дар кишвар сарду барфӣ пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20221115/sardi-tarma-khf-tojikiston-1052847879.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052872650_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_b9717e7033b7683588b22a14ee4a6b10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, душанбе-чаноқ, "фура"
роҳ, душанбе-чаноқ, "фура"
IRS масири Душанбе-Чаноқро ба рӯи якқатор мошинҳо баст
16:41 16.11.2022 (Навсозишуда: 18:13 16.11.2022) IRS мегӯяд, чунин тадбир ба мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати мошинҳои сабукрав дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Ҳаракати "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин тадобир ба хотири таъмини ҳаракати мошинҳои сабукрав дар ин масир роҳандозӣ шудааст.
"Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт гузариши "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Сабаби баста шудани роҳро ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” бориши зиёди барф гуфтааст.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир, дар роҳи Душанбе - Чаноқ, хоса минтақаҳои Варзоб ва Шаҳристон тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.
Ин дар ҳолеест, ки КҲФ аз ду рӯзи сард ҳушдор дода буд. Тибқи гузориши ин ниҳод рӯзҳои 16-18 ноябр дар манотиқи кӯҳҳии кишвар, хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.
Дар баробари ин, ҳаво дар ин рӯзҳо дар кишвар сарду барфӣ пешбинӣ шудааст.