Сардӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон: ҳушдор, тавсия ва тадбирҳои КҲФ

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкСход лавины, архивное фото
Сход лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои таъмини бехатарии ронандагон дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, посгоҳҳои сайёр таъсис додааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду рӯзи сардӣ ва хатари тармафароӣ ҳушдор медиҳад.
Ҳамин тавр, бино ба пешгӯии Ожонси ҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 16-18-уми ноябр, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо, ҳавои сард пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин итибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин КҲФ, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои ҳамаи касоне, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, ҳатмӣ гуфтааст.
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
Барои таъмини бехатарии ронандагон, КҲФ постгоҳҳои сайёр ташкил кардааст.
"Барои таъмини бехатарӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дигар роҳҳои кӯҳии кишвар низ аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва ВКД назорат карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0