Далели даъват нашудани толибон ба формати Маскав чист? – видео

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкТретье заседание московского формата консультаций по Афганистану
Третье заседание московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар бораи сабаби даъват нашудани толибон ба нишаст формати Маскавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умумри Афғонистон Замир Кобулов далели даъват нашудани толибон ба Маскав барои иштирок дар нишастро тавзеҳ дод.
"Вазифаи аслии ҷаласаи тавсеаи як рӯйкарди фаро минтақаист. Як сол пеш амалан дар ин таркиб бо ҳам ошнои шудем. Баёнияи муштаракеба тасвиб расед,ки яке аз нукоти он аз мақомоти афғон дар Кобул хоста шуда буд то барои ташкили як ҳукумати фарогири қавмӣ - сиёсӣ гом бардоранд. Муттаассифонаи ин иттифоқ науфтод", - гуфт оқои Кобулов.
Вай афзуд бо тавваҷуҳ ба ин шароит ин бор тасмим гирифтем худро ба даъват аз соири кишварҳои минтақа дар қолаби Маскав маҳдуд кунем то рӯйкарди муштарак эҷод кунем.
"Пас аз ин дидор, ҳамаи мо бо ҳам ва ба сӯрати ҷудогона ин фурсатро хоҳем дошт то бар асоси тафоҳуме, ки дар ин дидор ба даст хоҳем оварад бо мақомоти Кобул гуфтугӯ кунем", - афзуд Замир Кобулов.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти Маскав "Формати Маскав" намояндаҳои Тоҷикистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ҳузур доранд. Ҳеҷ яке аз ин кишварҳо ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтаанд.
Дар нишасти соли гузаштаи "Формати Маскав" ба мизбонии Русия, намояндаҳои Толибон иштирок карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0