https://sputnik.tj/20221116/bayden-shak-rusiya-lahiston-mushak-partob-1052852104.html
Байден шак дорад, ки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон мушак партоб шудааст
Байден шак дорад, ки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон мушак партоб шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури ИМА ахиран эълон кардааст, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ мушаке, ки ба қаламрави Лаҳистон уфтод, аз қаламрави Русия партоб нашудаат
2022-11-16T11:51+0500
2022-11-16T11:51+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
има
амрико
ҷо байден
партоб
мушак
лаҳистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049749099_0:0:2899:1631_1920x0_80_0_0_fa5fc416d04fd0f8ad143b57ca39ad4e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден, гуфт тибқи маълумоти пешакӣ партоби мушаки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон сурат нагирифтааст."Тибқи маълумоти пешакӣ, ин маълумот рад карда мешавад. То анҷоми пурраи тафтишот намехоҳам инро бигӯям, аммо аз нигоҳи масири ҳаракатии мушак гумон аст, ғайриимкон аст, ки он аз Русия партоб шуда бошад. Аммо мебинем", - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон дар Бали баъд аз мулокот бо рохбарони давлатҳо.Байден афзуд, ки ӯ ният дорад, дар бораи ҳодисаи мазкур дар Лаҳистон маълумоти пурра дошта бошад ва сипас дар бораи иқдомҳои баъдӣ тасмим бигирад.Вай ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони НАТО ва G7 дар ин дидор ҳодисаи таркиши мушак дар Лаҳистон баррасӣ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар тафтишот ба Варшава кумак кунанд.Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, Варшава маълумоти дақиқе дар бораи мушакҳое, ки ба қаламрави ин кишвар афтодаанд, надорад.Ин изҳорот мухолифи иддаои вазорати хориҷаи Лаҳистон аст, ки қаблан гуфта буд, ки мушакҳои сохти Русия ба қаламрави ин кишвар афтодааст ва дар робита ба ин сафири Русия дар Варшава ба вазорати хориҷа даъват шуда буд.Рӯзи 15 ноябр расонаҳои Лаҳистон дар бораи таркиши ду мушак дар қаламрави Лаҳистон, ки боиси харобиву марги ду нафар шудааст, хабар дод.Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ин кишвар ба ҳеҷ ҳадафе дар наздикии марзи давлатии Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршуда ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Хамаи изхороти матбуоти Польша дар бораи гуё афтидани мушакҳои “Русия” иғвогарии дидаю дониста барои шиддат намудани вазъият мебошад.
https://sputnik.tj/20220622/lahiston-noguzir-rusiya-bozor-energetik-etirof-1049426841.html
има
амрико
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049749099_116:0:2769:1990_1920x0_80_0_0_9fec33ac6d58582516e2c155a839837e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, има, мушак, лаҳистон, шак, партоб, маълумот
русия, амрико, има, мушак, лаҳистон, шак, партоб, маълумот
Байден шак дорад, ки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон мушак партоб шудааст
11:51 16.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Раисҷумҳури ИМА ахиран эълон кардааст, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ мушаке, ки ба қаламрави Лаҳистон уфтод, аз қаламрави Русия партоб нашудаат
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден, гуфт тибқи маълумоти пешакӣ партоби мушаки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон сурат нагирифтааст.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, ин маълумот рад карда мешавад. То анҷоми пурраи тафтишот намехоҳам инро бигӯям, аммо аз нигоҳи масири ҳаракатии мушак гумон аст, ғайриимкон аст, ки он аз Русия партоб шуда бошад. Аммо мебинем", - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон дар Бали баъд аз мулокот бо рохбарони давлатҳо.
Байден афзуд, ки ӯ ният дорад, дар бораи ҳодисаи мазкур дар Лаҳистон маълумоти пурра дошта бошад ва сипас дар бораи иқдомҳои баъдӣ тасмим бигирад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони НАТО ва G7 дар ин дидор ҳодисаи таркиши мушак дар Лаҳистон баррасӣ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар тафтишот ба Варшава кумак кунанд.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, Варшава маълумоти дақиқе дар бораи мушакҳое, ки ба қаламрави ин кишвар афтодаанд, надорад.
Ин изҳорот мухолифи иддаои вазорати хориҷаи Лаҳистон аст, ки қаблан гуфта буд, ки мушакҳои сохти Русия ба қаламрави ин кишвар афтодааст ва дар робита ба ин сафири Русия дар Варшава ба вазорати хориҷа даъват шуда буд.
Рӯзи 15 ноябр расонаҳои Лаҳистон дар бораи таркиши ду мушак дар қаламрави Лаҳистон, ки боиси харобиву марги ду нафар шудааст, хабар дод.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ин кишвар ба ҳеҷ ҳадафе дар наздикии марзи давлатии Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршуда ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Хамаи изхороти матбуоти Польша дар бораи гуё афтидани мушакҳои “Русия” иғвогарии дидаю дониста барои шиддат намудани вазъият мебошад.