https://sputnik.tj/20221115/toshiev-dushanbe-yatimov-sozish-1052827956.html
Созиши Ятимов ва Тошиев дар Душанбе: Нақшаи ояндаашон чист?
Созиши Ятимов ва Тошиев дар Душанбе: Нақшаи ояндаашон чист?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Душанбе масоили муайянсозию аломатгузории марзро баррасӣ кардаанд
2022-11-15T09:40+0500
2022-11-15T09:40+0500
2022-11-15T09:45+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
саймумин ятимов
қамчибек тошиев
мулоқот
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052827797_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4f88e3d7718d509832a86e68c92a8bde.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев дар пайи баррасии масоили марзӣ протоколи ҷадидро имзо намудаанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, ин протокол дар пайи мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе таҳти роҳбарии Ятимов ва Тошиев имзо гардидаст. Тафсилоти протокол зикр нашудааст, аммо таъкид гардидаст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт. Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Қирғизистон доир карда мешавад.Айни чунин иттилоияро низ Кабинаи вазирони Қирғизистон нашр кардааст. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.Дар пайи ин таниш Ятимов ва Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд. Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.
https://sputnik.tj/20221021/toshiev-bahs-marzi-tojikiston-qirghiziston-1052331918.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052827797_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_5f5a6c52e22b15d7833b7580728f12f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавофуқ, тошиев, ятимов, масоили марзӣ
тавофуқ, тошиев, ятимов, масоили марзӣ
Созиши Ятимов ва Тошиев дар Душанбе: Нақшаи ояндаашон чист?
09:40 15.11.2022 (Навсозишуда: 09:45 15.11.2022) Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Душанбе масоили муайянсозию аломатгузории марзро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев дар пайи баррасии масоили марзӣ протоколи ҷадидро имзо намудаанд.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, ин протокол дар пайи мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе таҳти роҳбарии Ятимов ва Тошиев имзо гардидаст. Тафсилоти протокол зикр нашудааст, аммо таъкид гардидаст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Қирғизистон доир карда мешавад.
Айни чунин иттилоияро низ Кабинаи вазирони Қирғизистон нашр кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Дар пайи ин таниш Ятимов ва Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд. Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.