https://sputnik.tj/20221021/toshiev-bahs-marzi-tojikiston-qirghiziston-1052331918.html
Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад
Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси КДАМ Қирғизистон ба мансабдорон дастур дод, ки "изҳороти беэҳтиётона, ки ба ташдиди вазъ дар марз" бо Тоҷикистон мусоидат мекунанд, надиҳанд
2022-10-21T17:00+0500
2022-10-21T17:00+0500
2022-10-21T17:00+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
қамчибек тошиев
марз
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052320623_0:0:1350:759_1920x0_80_0_0_923efbfbeb25b54e4230dc4f41882f23.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон ба сулҳу субот ниёз доранд. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳор дошт.Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, кишварҳо низ ба рушди устувор ниёз доранд. Дар ин дидор Тошиев дар назди раҳбарияти вилояти Бодканд ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон вазифаҳо гузошт. Илова бар ин, мавсуф зарурати татбиқи чораҳои ҳамаҷониба барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирии низоъ дар марз бо ҷумҳурии ҳамсояро қайд кардааст. "Масъалаи марзӣ ба манофеи ду кишвар дахл дорад, аз ин лиҳоз, ҳам мансабдорони рутбаҳои гуногун ва ҳам шаҳрвандони оддӣ набояд изҳороти бепоя, ки ба ташдиди вазъ мусоидат кунанд, баён кунанд", - гуфт Тошиев. Раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии Бодканд барои риоя накардани қарорҳои қабулшуда шахсан ҷавобгар хоҳанд буд, гуфт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки Тошиевро дар Тоҷикистон барои изҳоротҳои тундаш мешиносанд, ки бештари вақт аз забони зӯр гап мезад, аммо гуфтаҳои ахираш мулоим ва даъват ба сулҳ аст.Ошкори беш аз 20 амали иғвоангез аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо ТоҷикистонҚаблан Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷониби Қирғизистонро ба риоя накардани тавофуқоти қаблан ҳосилшуда ва барангехтани низоъ дар марз муттаҳам карда буд. Ба гуфтаи намояндагони ин идора, амали мақомоти кишвари ҳамсоя мухолифи изҳороти онҳост.
https://sputnik.tj/20221020/mansabdoron-qirghiziston-vaz-tezutund-1052287298.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052320623_150:0:1350:900_1920x0_80_0_0_7ec1be50382880b5778a4d23622b15d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ташиев сарҳад тоҷикистон қирғизистон
ташиев сарҳад тоҷикистон қирғизистон
Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад
Раиси КДАМ Қирғизистон ба мансабдорон дастур дод, ки "изҳороти беэҳтиётона, ки ба ташдиди вазъ дар марз" бо Тоҷикистон мусоидат мекунанд, надиҳанд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон ба сулҳу субот ниёз доранд. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳор дошт.
"Тамоми масъалаҳои мушкил дар сарҳад ва минтақаҳои наздимарзӣ бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ, сари мизи гуфтушунид ҳал шаванд", - таъкид кард ӯ дар мулоқот бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ниҳодзҳои давлатии вилояти Бодканд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, кишварҳо низ ба рушди устувор ниёз доранд.
Дар ин дидор Тошиев дар назди раҳбарияти вилояти Бодканд ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон вазифаҳо гузошт.
Илова бар ин, мавсуф зарурати татбиқи чораҳои ҳамаҷониба барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирии низоъ дар марз бо ҷумҳурии ҳамсояро қайд кардааст.
"Масъалаи марзӣ ба манофеи ду кишвар дахл дорад, аз ин лиҳоз, ҳам мансабдорони рутбаҳои гуногун ва ҳам шаҳрвандони оддӣ набояд изҳороти бепоя, ки ба ташдиди вазъ мусоидат кунанд, баён кунанд", - гуфт Тошиев.
Раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии Бодканд барои риоя накардани қарорҳои қабулшуда шахсан ҷавобгар хоҳанд буд, гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тошиевро дар Тоҷикистон барои изҳоротҳои тундаш мешиносанд, ки бештари вақт аз забони зӯр гап мезад, аммо гуфтаҳои ахираш мулоим ва даъват ба сулҳ аст.
Қаблан Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷониби Қирғизистонро ба риоя накардани тавофуқоти қаблан ҳосилшуда ва барангехтани низоъ дар марз муттаҳам карда буд.
Ба гуфтаи намояндагони ин идора, амали мақомоти кишвари ҳамсоя мухолифи изҳороти онҳост.