https://sputnik.tj/20221115/hushdor-rahmon-milisaho-tamini-oromi-talab-1052834949.html
Ҳушдор аз вазъ: Раҳмон аз милисаҳо дар Суғд таъмини оромиро талаб кард
Ҳушдор аз вазъ: Раҳмон аз милисаҳо дар Суғд таъмини оромиро талаб кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба милисаҳо дар вилояти Суғд аз вазъи муракакаби геополитикӣ дар ҷаҳон ҳушдор дода, онҳоро ба зиракӣ даъват намуд
2022-11-15T12:25+0500
2022-11-15T12:25+0500
2022-11-15T12:31+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
суғд
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/60/1030756063_0:157:3072:1885_1920x0_80_0_0_ba8a19ccf57913832e9a693ff1ac43d4.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти умури дохилии вилояти Суғд хост, дар иҷрои вазифаҳои хидматияшон намуна бошанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо милисаҳо зимни ифтитоҳи бинои иловагии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сурат гирифтааст. Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити кор дар иншоот кормандони раёсатро ба иҷрои намунавии уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан вазифадор намудаст, омадааст дар иттилоия. Дафтари матбуот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ёдовар шудааст. Таъкид шудаст, ки бинои ҷадиди 4-ошёна, ки президент ифтитоҳ кард, норасоии ҳуҷраи корӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ дар Суғдро бартараф мекунад. Акнун кормандони шуъбаи тафтишот, таҳқиқ ва маркази иттилоотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар шароити замонавӣ фаъолияти худро пеш баранд, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20220831/generalhoi-nav-dar-vkd-tojikiston-kistand-1051070271.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/60/1030756063_176:0:2897:2041_1920x0_80_0_0_363084f22323190425f4cd0386018cf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, зиракӣ, милиса, суғд
президент, зиракӣ, милиса, суғд
Ҳушдор аз вазъ: Раҳмон аз милисаҳо дар Суғд таъмини оромиро талаб кард
12:25 15.11.2022 (Навсозишуда: 12:31 15.11.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба милисаҳо дар вилояти Суғд аз вазъи муракакаби геополитикӣ дар ҷаҳон ҳушдор дода, онҳоро ба зиракӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти умури дохилии вилояти Суғд хост, дар иҷрои вазифаҳои хидматияшон намуна бошанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо милисаҳо зимни ифтитоҳи бинои иловагии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити кор дар иншоот кормандони раёсатро ба иҷрои намунавии уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан вазифадор намудаст, омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ёдовар шудааст.
"Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон ёдовар шуда, зиракии баланди кормандони Мақомоти корҳои дохилиро ҷиҳати таъмини оромии комил ва сулҳу субот тақозо карданд", - илова намуд манбаъ.
Таъкид шудаст, ки бинои ҷадиди 4-ошёна, ки президент ифтитоҳ кард, норасоии ҳуҷраи корӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ дар Суғдро бартараф мекунад.
Акнун кормандони шуъбаи тафтишот, таҳқиқ ва маркази иттилоотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар шароити замонавӣ фаъолияти худро пеш баранд, афзуд манбаъ.