Генералҳои нав дар ВКД Тоҷикистон кистанд?

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонПолковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Обуна шудан
Бархе аз сардорони раёсатҳо дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки то ҳол полковник буданд, бо фармони раисҷумҳур рутбаи генералро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул, сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рутбаи генерал-майори милитсияро гирифт.
Бар асоси гузориши аксии нашркардаи ВКД, рутбаи навбатиро Абдурасулзода бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гирифт.
Ӯ аз соли 1997 дар мақомоти умури дохилӣ фаъолият дошта, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия бо ихтисоси "идоракунӣ" мебошад.
Инчунин Халилзода Ҳусейн Собир, ки аз феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Тоҷикистон фаъолият дорад, рутбаи генерал - майорро гирифт.
Полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Полковник миёни генералҳо: орден ва вазифаи нави сардори пешини милиса дар Хоруғ
Халилзода хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ барои ҳайати роҳбарикунанда буда, аз соли 1997 дар мақомоти дохилӣ кор мекунад.
Генерали нави дигар дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадзода Алимардон Аҳмад мебошад, ки аз аз моҳи майи соли 1992 дар мақомоти дохилӣ фаъолият дорад.
Ӯ фаъолияташро дар мақомоти умури дохилӣ аз вазифаи ёрдамчии навбатдори қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Дарвоз оғоз карда, то сардори милиса дар ин ноҳия расидаст.
Баъдан роҳбарии идораи милиса дар Конибодом ва Ваҳдатро ба уҳда дошта, аз июли соли 2021 дар вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Лентаи хабарҳо
0