https://sputnik.tj/20221115/dushanbe-naqsha-davat-khizmat-harbi-ijro-1052830203.html
Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард: Шаҳру навоҳии дигар чӣ?
Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард: Шаҳру навоҳии дигар чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳри Душанбе дар пайи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дуюмин минтақаи Тоҷикистон шуд, ки аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод
2022-11-15T11:40+0500
2022-11-15T11:40+0500
2022-11-15T14:23+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
нақша
даъват
аскар
хизмати ҳарбӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925792_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_06ee36eefd7b244ff40392c504b84c4c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 100% иҷро гардид. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи пойтахт нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр дар Тоҷикистон оғоз шуда, то охири ноябр дар назар аст. Гузориш аз иҷрои нақшаи даъват дар пойтахт дар ҳолест, ки рӯзе қабл Вазорати дифои Тоҷикистон иҷрои нақшаро дар Душанбе 98% арзёбӣ карда буд. Ин ниҳод ба ҳолати 14 ноябр иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ 84% гуфта, зикр намуд, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, аз иҷрои пурраи нақша гузориш дод. Тайи чанд соли охир ВМКБ нақшаи даъвати наваскаронро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи сиёсӣ иҷро мекунад. Мақомоти дифоии Тоҷикистон мегӯянд, феълан зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.Дар вилояти Хатлон гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дошта, то ҳол ҳудуди 81%-и нақша иҷро гардидааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад. Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20221110/dositoni-pisaron-mansabdoron-artish-tojikiston-davat-1052732808.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925792_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_e555e01163f88c594e8248531ca2f603.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷро, нақша, даъват, тирамоҳӣ, душанбе
иҷро, нақша, даъват, тирамоҳӣ, душанбе
Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард: Шаҳру навоҳии дигар чӣ?
11:40 15.11.2022 (Навсозишуда: 14:23 15.11.2022) Шаҳри Душанбе дар пайи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дуюмин минтақаи Тоҷикистон шуд, ки аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 100% иҷро гардид.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи пойтахт нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр дар Тоҷикистон оғоз шуда, то охири ноябр дар назар аст.
Гузориш аз иҷрои нақшаи даъват дар пойтахт дар ҳолест, ки рӯзе қабл Вазорати дифои Тоҷикистон иҷрои нақшаро дар Душанбе 98% арзёбӣ карда буд.
Ин ниҳод ба ҳолати 14 ноябр иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ 84% гуфта, зикр намуд, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, аз иҷрои пурраи нақша гузориш дод.
Тайи чанд соли охир ВМКБ нақшаи даъвати наваскаронро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи сиёсӣ иҷро мекунад.
Мақомоти дифоии Тоҷикистон мегӯянд, феълан зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.
Дар вилояти Хатлон гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дошта, то ҳол ҳудуди 81%-и нақша иҷро гардидааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.