Афзоиши теъдоди донишҷӯён аз Осиёи Марказӣ дар Русия

© Sputnik Десятая Международная выставка-ярмарка "Российское образование. Таджикистан – 2022"
Десятая Международная выставка-ярмарка Российское образование. Таджикистан – 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия тайи солҳои охир афзоиш ёфта, мутаносибан теъдоди ҷойҳои буҷавӣ барои атбои кишварҳои дигар низ зиёд карда шудаст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ҳамоно аксаран барои гирифтани маълумоти олӣ, муассисаҳои таълимии Русияро интихоб мекунанд.
Ин нуктаро муовини вазири маориф ва илми Русия, Петр Кучеренко зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои 10 соли фаъолияти Шӯрои назди президенти ФР дар масоили миллатҳо ва татбиқи стратегияи сиёсати миллии давлатӣ то соли 2025 хабар дод.
"Теъдоди бештари довталабҳо аз Украина, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ворид мешаванд", - гуфт Кучеренко.
Вай қайд кард, ки сарфи назар аз фишорҳои бесобиқае, ки Русия дучор мешавад, донишҷӯёни хориҷӣ то ҳол кишварро барои гирифтани маълумоти олӣ хеле мувофиқ медонанд.
"Мо аз рӯи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои ҳафтум қарор дорем", - афзуд муовини вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар се соли охир шумораи ҷойҳои буҷетӣ қариб 30%, яъне 26 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
Ҳамзамон, дар соли 2022 беш аз 21 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсилдар макотиби олии Русия қабул карда шуда, шумораи умумии онҳо тақрибан 324 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуд, ки теъдоди ҷойҳои таҳкил барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ зиёдтар карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0