https://sputnik.tj/20221114/taqviyat-gustarishi-hamkori-farhang-eko-eron-tojikiston-1052820762.html
Тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО бо Эрон ва Тоҷикистон
Тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО бо Эрон ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон бо дигар кишварҳои минтақаро дар шароити ҳозир зарур шуморид.
2022-11-14T20:20+0500
2022-11-14T20:20+0500
2022-11-14T20:20+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
густариш
эрон
фарҳанг
созмони ҳамкории иқтисодӣ (эко)
тоҷикистон-эко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Муродҷон Барибоев, бар тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО махсусан Эрон ва Тоҷикистон таъкид кардааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.Тибқи иттилои манбаъ, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО ҳамчунин афзудааст, ки ҳанузҳам зарфиятҳои фаровони дар ин замина вуҷуд дорад, ки гоҳ мавриди таваҷуҳи андак сурат гирифтанд ва дар шароити кунунии ҷаҳон, ки ба суи ҳамгароӣ пеш меравад лозим аст аз ин зарфият ва имконот истифодаи баҳина сурат гирад.Ба кишварҳои ЭКО 10 давлат шомиланд: Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Туркманистон.Бар асоси охирин омори расмӣ, муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои узви ЭКО ва боқимондаи ҷаҳон ҳудуди 600 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гурӯҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гурӯҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ карданд.Ғайр аз Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.
https://sputnik.tj/20221110/izhori-tasliyat-tojikiston-eron-amali-terroristi-1052747127.html
эрон
тоҷикистон-эко
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистогн, эрон, эко, фарҳанг, ҳамкорӣ, равобит, минтақа, тақвият, густариш
тоҷикистогн, эрон, эко, фарҳанг, ҳамкорӣ, равобит, минтақа, тақвият, густариш
Тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО бо Эрон ва Тоҷикистон
Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон бо дигар кишварҳои минтақаро дар шароити ҳозир зарур шуморид.
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Муродҷон Барибоев, бар тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО махсусан Эрон ва Тоҷикистон таъкид кардааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО ҳамчунин афзудааст, ки ҳанузҳам зарфиятҳои фаровони дар ин замина вуҷуд дорад, ки гоҳ мавриди таваҷуҳи андак сурат гирифтанд ва дар шароити кунунии ҷаҳон, ки ба суи ҳамгароӣ пеш меравад лозим аст аз ин зарфият ва имконот истифодаи баҳина сурат гирад.
Ба кишварҳои ЭКО 10 давлат шомиланд: Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Туркманистон.
Бар асоси охирин омори расмӣ, муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои узви ЭКО ва боқимондаи ҷаҳон ҳудуди 600 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гурӯҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гурӯҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ карданд.
Ғайр аз Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.