Истеъфои Бег Сабур: Вазифаашро кӣ гирифт? - акс

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
Бег Сабур аз мақоми президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон истеъфо дод. Аъзои федератсия барканории ӯро пазируфта, ҷойгузинашро интихоб намуданд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсияи интихоб шуд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки ӯ дар ин мақом Бег Сабурро иваз намуд.
Бег Сабур, роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки то ҳол президенти Федератсияи бокси ҷумҳурӣ буд, аз мақомаш истеъфо додааст.
Мирзоалӣ Комил, раиси корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки президенти нави Федератсияи бокси ҷумҳурӣ интихоб гардид, ба Бег Сабур сипос гуфта, ба аъзои федератсия барои боварӣ миннатдорӣ кардааст.
© Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонИнтихоби Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон
Интихоби Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Интихоби Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон
"Дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Аз ҷумла ду рӯз пеш ду варзишгарамон - Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд", - гуфт президенти нав.
Вай афзуд, дар намуди бокс Тоҷикистон ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорад.
ҷаласаи Шӯрои Федератсияи гуштини Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Тағйирот дар Федератсияи куштии Тоҷикистон: Президенти нав кӣ шуд?
"Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд", - гуфт Мирзоалӣ Комил.

Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, роҳбарияти нави федератсияро табрик гуфта, омодагияшро барои ҳамкорӣ бо федератсия баён доштаст.
Лентаи хабарҳо
0