https://sputnik.tj/20221111/taghyirot-federatsiya-kushti-tojikiston-prezidenti-1052769250.html
Тағйирот дар Федератсияи куштии Тоҷикистон: Президенти нав кӣ шуд?
Тағйирот дар Федератсияи куштии Тоҷикистон: Президенти нав кӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи куштии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он президенти нави ин Федератсия интихоб шуд
2022-11-11T17:15+0500
2022-11-11T17:15+0500
2022-11-11T17:15+0500
дар тоҷикистон
куштӣ
куштигир
федератсияи куштии ҷт
президент
интихоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052769093_0:0:750:423_1920x0_80_0_0_1cafa43a9619565d57f8e8871e397482.png
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ахиран дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Федератсияи гуштини Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он истеъфои президенти федератсия Мирзоалӣ Комил тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпӣ.Иттилоъъ дода шудааст, ки дар ин ҷаласа президенти нави Федератсияи куштии кишвар Машрабзода Ҷамшед интихоб гардид.Зикр гардидааст, ки Машрабзода Ҷамшед изҳор намудааст, ки якҷо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ талош хоҳад кард.“Бояд дар навбати аввал рушди гуштин миёни наврасон таъмин карда шавад. Зеро агар варзишгар ҳамаи зинаҳоро тай кунад, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Барои ин мо сохтмони як толорро барои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби ҳам наврасон, ҳам ҷавонону калонсолон ба нақша гирифтаем. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Душанбе дар наздиктарин фурсат сохтмони Маркази куштиро дар пойтахт шуруъ хоҳем кард”, - гуфт Машрабзода Ҷамшед.Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия мутахассисони соҳаи варзиш Шодӣ Баҳромов, Саидҷалол Саидов, Алишер Каримов ноибони президент ва Шаҳобзода Тоҳир котиби генералии Федератсияи куштии Тоҷикистон интихоб шуданд.Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, изҳори умед кард, ки бо фароҳам кардани шароити хуб ва дастгирӣ гуштингирони кишвар имкони ба даст овардани натиҷаҳои назаррас фароҳам мешавад.
https://sputnik.tj/20220704/kushtigiron-tojik-qahramoni-osiyo-medal-1049719062.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052769093_83:0:750:500_1920x0_80_0_0_e9e58e8a19d49851720e353908ea760a.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тағйирот, федератсияи куштии тоҷикистон, президенти нав, интихоб, ҷаласа
тоҷикистон, тағйирот, федератсияи куштии тоҷикистон, президенти нав, интихоб, ҷаласа
Тағйирот дар Федератсияи куштии Тоҷикистон: Президенти нав кӣ шуд?
Дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи куштии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он президенти нави ин Федератсия интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ахиран дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Федератсияи гуштини Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он истеъфои президенти федератсия Мирзоалӣ Комил тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпӣ.
Иттилоъъ дода шудааст, ки дар ин ҷаласа президенти нави Федератсияи куштии кишвар Машрабзода Ҷамшед интихоб гардид.
Зикр гардидааст, ки Машрабзода Ҷамшед изҳор намудааст, ки якҷо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ талош хоҳад кард.
“Бояд дар навбати аввал рушди гуштин миёни наврасон таъмин карда шавад. Зеро агар варзишгар ҳамаи зинаҳоро тай кунад, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Барои ин мо сохтмони як толорро барои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби ҳам наврасон, ҳам ҷавонону калонсолон ба нақша гирифтаем. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Душанбе дар наздиктарин фурсат сохтмони Маркази куштиро дар пойтахт шуруъ хоҳем кард”, - гуфт Машрабзода Ҷамшед.
Дар идома бо пешниҳоди президенти нави Федератсия мутахассисони соҳаи варзиш Шодӣ Баҳромов, Саидҷалол Саидов, Алишер Каримов ноибони президент ва Шаҳобзода Тоҳир котиби генералии Федератсияи куштии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок дошт, изҳори умед кард, ки бо фароҳам кардани шароити хуб ва дастгирӣ гуштингирони кишвар имкони ба даст овардани натиҷаҳои назаррас фароҳам мешавад.