https://sputnik.tj/20221114/iftitoh-korkhonai-sokhtmon-buston-1052823486.html
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Бӯстон
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
Иқтидори корхонаи мазкур, ки аз сӯйи як соҳибкор сохта шудааст дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороиширо дарбар мегирад
2022-11-14T22:00+0500
2022-11-14T22:00+0500
2022-11-14T22:00+0500
дар тоҷикистон
суғд
бӯстон
коргоҳ
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_0:100:3045:1813_1920x0_80_0_0_fce04f4097ac8977b0ee5ea477eddea8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон.Корхонаи мазкур бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ифтитоҳ шудааст.Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асрор Атомуллоев дар масоҳати умумии 1535 м ва масоҳати зерсохмонии 465 м ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.Иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороишӣ мебошад. Баҳри бунёд ва бо технологияи муосир таъмин намудани он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.Зикр гардидааст, ки вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти корхона барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ тавсияҳои мушаххас доданд.
https://sputnik.tj/20220824/sughd-korkhona-faoliyat-1050899868.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_186:318:2353:1943_1920x0_80_0_0_6d7a6ee40f0458734ce90483642a6700.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бӯстон, истеҳсол, масолеҳи сохтмонӣ, ифтитоҳ, иқтидор
тоҷикистон, бӯстон, истеҳсол, масолеҳи сохтмонӣ, ифтитоҳ, иқтидор
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Бӯстон
Иқтидори корхонаи мазкур, ки аз сӯйи як соҳибкор сохта шудааст дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороиширо дарбар мегирад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон.
Корхонаи мазкур бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ифтитоҳ шудааст.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асрор Атомуллоев дар масоҳати умумии 1535 м ва масоҳати зерсохмонии 465 м ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороишӣ мебошад. Баҳри бунёд ва бо технологияи муосир таъмин намудани он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Зикр гардидааст, ки вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти корхона барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ тавсияҳои мушаххас доданд.