Раиси Душанбе ба муштзан - аввалин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон хона дод

© Дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеМаросими тақдими калидин хонаи дуҳуҷраӣ ба муштзан Шавкат Раҳимов аз сӯи раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ
Маросими тақдими калидин хонаи дуҳуҷраӣ ба муштзан  Шавкат Раҳимов аз сӯи раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе муштзанро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта, дар оянда муваффақият хост
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Манзили дуҳуҷрадорро дар пойтахти Тоҷикистон Шавкат Раҳимов соҳиб шуд, ки ахиран унвони қаҳрамони ҷаҳони IBF - Федератсияи Байналмилалии Боксро ба даст овард.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, калиди хонаро ба Раҳимов раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ тақдим кард.
Раиси Душанбе ба варзишгар барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба ӯ барору музаффарият таманно намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Раҳимов нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон мебошад, ки ин унвонро дар вазни нимсабуки дуюм дар риштаи IBF соҳиб гардид.
Варзишкори 28-солаи тоҷик ахиран дар Абу-Дабӣ, рақиби бритониёияш Зелфа Берретро дар даври 9-ум ба нокаут фиристод. Баррет низ дар даври сеюми ин сабқат Раҳимовро бо нокдаун фиристод, аммо муштзани тоҷик ба по хесту дар ниҳоят пирӯз гардид.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали вручил Тимуру Рагимову ключи от 2-х комнатной квартиры  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Раиси Душанбе аз Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев чӣ хост?
Раҳимов дар 18 зӯрозмоии касбияш 17 бор пирӯз баромада, дар як ҳолат сабқатро мусовӣ анҷом додаст.
Ин қаҳрамони тоҷик 14 августи соли 1994 дар шаҳри Бохтар таваллуд шуда, дар нимаи аввали солҳои 2010-ум тими бокси Тоҷикистонро намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ миёни ҳаваскорон буд.
Дар байни муштзанҳои касбӣ собиқ довталаби ҳатмӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF (2019-2021) ва қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар вазни нимсабуки дуюм аз рӯи IBO (2017-2019) мебошад.
Лентаи хабарҳо
0