https://sputnik.tj/20221114/amriko-ifrotgaroi-tolibon-afghonistonro-besuboti-faqir-1052819405.html
Рино Амирӣ: Ифротгароии гурӯҳи толибон Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ ва фақирӣ мекашад
Рино Амирӣ: Ифротгароии гурӯҳи толибон Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ ва фақирӣ мекашад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон аз ифротгароӣ гурӯҳи толибони иброз нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин гурӯҳ Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ мебарад
2022-11-14T19:30+0500
2022-11-14T19:30+0500
2022-11-14T19:30+0500
афғонистон
занон
толибон
нигаронӣ
амрико
фақр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343864_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_2857085ae7618843cf38ff81dcced699.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Рино Амирӣ, намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон ба тасмими ахири толибон дар мавриди мамнуъияти ҳузури занон дар паркҳои тафреҳии шаҳри Кобул вокуниш нишон додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Рино Амирӣ ахиран дар саҳифаи твиттерии худ аз тундгаро шудани Афғонистон дар паии сиёсатҳои толибон дар баробари занони иброз нигаронӣ кардааст.Ӯ гуфтааст, ки ин ифротгароии толибони мунҷар ба бе саботӣ ва фақру фирори бештари ҷамъият аз Афғонистон хоҳад шуд.Ин изҳорот аз сӯии намояндаи Амрико барои занони Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки вазорати амр ба маърӯф ва наҳӣ аз мункири толибон ахиран ҳузури занон дар паркҳои тафриҳиро мамнӯъ эълом кард.Бояд гуфт, ки ин тасмими толибон вокунишҳои зиёдиро ба ҳамроҳ доштааст.Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон пас аз чирагии дубораашон сахтгириҳои шадидиро дар баробари озодии шаҳрвандони Афғонистон ба вижаи занон аъмол намудааст, ки ин кор сабаби бекорӣ ва тарки Ватан аз сӯйи шаҳрвандони ин кишвар шудааст.
https://sputnik.tj/20221113/hushdor-strategi-tojikiston-tajziya-afghoniston-1052787817.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343864_223:0:2000:1333_1920x0_80_0_0_af4f4fa4e08dd8f0fc8332a5e46cff36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, ифротгароӣ, толибон, субот, фақр,афғонистон, нигаронӣ, бесуботӣ,
амрико, ифротгароӣ, толибон, субот, фақр,афғонистон, нигаронӣ, бесуботӣ,
Рино Амирӣ: Ифротгароии гурӯҳи толибон Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ ва фақирӣ мекашад
Намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон аз ифротгароӣ гурӯҳи толибони иброз нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин гурӯҳ Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ мебарад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Рино Амирӣ, намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон ба тасмими ахири толибон дар мавриди мамнуъияти ҳузури занон дар паркҳои тафреҳии шаҳри Кобул вокуниш нишон додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Рино Амирӣ ахиран дар саҳифаи твиттерии худ аз тундгаро шудани Афғонистон дар паии сиёсатҳои толибон дар баробари занони иброз нигаронӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ин ифротгароии толибони мунҷар ба бе саботӣ ва фақру фирори бештари ҷамъият аз Афғонистон хоҳад шуд.
"Касоне, ки аз Афғонистони тундагоро метарсанд, бояд аз сиёсатҳои толибони алайҳи занону духтарон, монанди маҳрумият аз таҳсил, кор дар бештари бахшҳо, ҳатто бахшҳои кучак, монанди ҳаққи ба парк рафтан нигарон шаванд”, - афзуд ӯ
Ин изҳорот аз сӯии намояндаи Амрико барои занони Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки вазорати амр ба маърӯф ва наҳӣ аз мункири толибон ахиран ҳузури занон дар паркҳои тафриҳиро мамнӯъ эълом кард.
Бояд гуфт, ки ин тасмими толибон вокунишҳои зиёдиро ба ҳамроҳ доштааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон пас аз чирагии дубораашон сахтгириҳои шадидиро дар баробари озодии шаҳрвандони Афғонистон ба вижаи занон аъмол намудааст, ки ин кор сабаби бекорӣ ва тарки Ватан аз сӯйи шаҳрвандони ин кишвар шудааст.