https://sputnik.tj/20221113/hushdor-strategi-tojikiston-tajziya-afghoniston-1052787817.html
Ҳушдори стратеги асосии Тоҷикистон аз таҷзияи Афғонистон: Байни киҳо?
Ҳушдори стратеги асосии Тоҷикистон аз таҷзияи Афғонистон: Байни киҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва дурнамою паёмадҳои онро тавзеҳ дод
2022-11-13T12:00+0500
2022-11-13T12:00+0500
2022-11-13T12:00+0500
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
маркази тадқиқоти стратегӣ
дар тоҷикистон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045930242_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_8cfa379d321f3d37bd85780a14af85aa.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Буҳрони феълии ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад.Ин нуктаро нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" аз қавли мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Хайриддин Усмонзода нашр кардаст. Ба гуфтаи ӯ, шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои Афғонистон метавонад пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад. Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст, таъкид намудаст Усмонзода. Вай аз ҷумла яке аз пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт зикр намудаст, ки он ташкили "камарбанди амниятӣ" дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо Афғонистон аст. "Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки бесуботӣ дар он ба тамоми давлатҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад", - ҳушдор додаст раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ. Ин ҳушдор дар ҳолеянд, ки созмону марказҳои мухталиф аз таҷаммӯи ҷангиёни гуруҳҳои гуногуни террористӣ дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд. Аз ҷумла ба иттилои СММ имкони ба лонаи террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, зеро ба ҷуз аз "Ал-Қоида"* ва ДИИШ*, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ арзи ҳастӣ кардаанд. Дар ин феҳраст созмони террористӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ*, Хатиба Имом ал-Бухорӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, "Ҳизб-ут-таҳрир"*, "Ансоруллоҳ"* зикр шудаанд. *-созмонҳои террористии мамнуъ
https://sputnik.tj/20221108/tajriba-jang-diversiya-general-marz-tojikiston-1052694467.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045930242_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_06a3b1b1bf122638506b34f79b64f7ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, усмонзода, таҷзия, афғонистон
ҳушдор, усмонзода, таҷзия, афғонистон
Ҳушдори стратеги асосии Тоҷикистон аз таҷзияи Афғонистон: Байни киҳо?
Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва дурнамою паёмадҳои онро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Буҳрони феълии ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад.
Ин нуктаро нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" аз қавли мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Хайриддин Усмонзода нашр кардаст.
Ба гуфтаи ӯ, шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои Афғонистон метавонад пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад.
Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст, таъкид намудаст Усмонзода.
Вай аз ҷумла яке аз пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт зикр намудаст, ки он ташкили "камарбанди амниятӣ" дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо Афғонистон аст.
"Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки бесуботӣ дар он ба тамоми давлатҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад", - ҳушдор додаст раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Ин ҳушдор дар ҳолеянд, ки созмону марказҳои мухталиф аз таҷаммӯи ҷангиёни гуруҳҳои гуногуни террористӣ дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд.
Аз ҷумла ба иттилои СММ имкони ба лонаи террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, зеро ба ҷуз аз "Ал-Қоида"* ва ДИИШ*, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ арзи ҳастӣ кардаанд.
Дар ин феҳраст созмони террористӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ*, Хатиба Имом ал-Бухорӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, "Ҳизб-ут-таҳрир"*, "Ансоруллоҳ"* зикр шудаанд.
*-созмонҳои террористии мамнуъ