Путин хостори шаҳрвандигирии осони кӯдакон дар Русия шуд

© Sputnik / Максим БлиновСотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ.
Сотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Обуна шудан
Бар асоси тарҳи нави пешниҳодшуда, шакли соддагардидаи дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия барои наврасони аз 14 то 18-сола татбиқ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Думаи давлатии Русия тағйироти пешниҳодкрадаи раисиҷумҳур, Владимир Путинро дар бораи гирифтани осони шаҳрвандӣ барои кӯдакон дастрас кардаст
Тибқи тарҳи нав, наврасони бидуни тасдиқи имзо метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
Тағйирот ба лоиҳаи қонун, ки дар хониши аввал қабул шудааст, пешбинӣ мекунад, ки кӯдаки аз 14 то 18-сола бидуни тасдиқи имзои нотариалӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад.
"Дурустии имзои кӯдак тибқи тартиби муқарраркардаи Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия тасдиқ карда мешавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Работа многофункционального центра государственных услуг, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Русия квотаи иҷозатномаи иқомати муваққатӣ - "РВП" дар соли 2023-ро муқаррар кард
Дар мавриди даст кашидан аз шаҳрвандӣ низ ҳамин тартиб татбиқ мешавад. Илова бар ин, дар тарҳи қонун коҳиши шумори талабот ба беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.
Ва салоҳиятҳои сарвари давлат барои муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, васеътар хоҳад шуд.
Инчунин маълум аст, ки Думаи давлатӣ тағйирот дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русияро низ дарёфт кардааст.
Бар асоси он, агар шахс кирдоре, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, содир кардааст, шаҳрвандияш ҳар вақт қатъ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, санаи ифшои далели содир кардани чунин амалҳо барои маҳрум кардани Русия нақше надорад. Инро Хадамоти федеролии амният назорат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0