https://sputnik.tj/20221007/rusiya-kvota-rvp-1051960572.html
Русия квотаи иҷозатномаи иқомати муваққатӣ - "РВП" дар соли 2023-ро муқаррар кард
Русия квотаи иҷозатномаи иқомати муваққатӣ - "РВП" дар соли 2023-ро муқаррар кард
Sputnik Тоҷикистон
Девони вазирони Русия дар соли 2023 барои шаҳрвандони хориҷӣ 13,5 ҳазор муҷаввиз барои будубоши муваққатӣ дар ин кишварро тасвиб кард
2022-10-07T14:40+0500
2022-10-07T14:40+0500
2022-10-07T14:40+0500
муҳоҷират
дар русия
квота
иҷозатнома
иқомат
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102102/52/1021025218_0:151:3107:1898_1920x0_80_0_0_325067a87d32086dc82a0210a5b5ae52.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Девони вазирони Русия теъдоди квота дар соли 2023 барои додани муҷаввизи будубоши муваққатӣ дар ин кишвар ба хориҷиён ва афроди бешаҳрвандиро муқаррар кардааст. Бар асоси ин қарори кабинаи вазирон, ки дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидаст, соли оянда барои 13,5 ҳазор нафар додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар назар аст. "Барои соли 2023 муқаррар карда шавад: квота барои додани 13 ҳазору 535 иҷозаи будубоши муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия бо тақсимот аз рӯи субъектҳо", — омадааст дар ҳуҷҷат.Ҳамчунин зикр мегардад, ки квотаи захиравӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 4060 иҷозатномаи иқомати муваққатиро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 квота 18 ҳазору 955 иҷозатномаро ташкил медиҳад. Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, маъмул ба "РВП" ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ имкони кору зиндагӣ дар Русия дар давоми 3 солро фароҳам мекунад. Шаҳрванди хориҷӣ агар на камтар аз як сол дар асоси иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар Русия зиндагӣ кунад, метавонад довталаби иҷозатномаи иқомат ва баъдан шаҳрвандии кишвар шавад.
https://sputnik.tj/20220929/rusiya-nazorati-muhojirat-purzur-meshavad-1051770854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102102/52/1021025218_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_83a11d27d77d2c9ad8a5989bec4f5b9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
квота, рвп, муқаррар, теъдод
квота, рвп, муқаррар, теъдод
Русия квотаи иҷозатномаи иқомати муваққатӣ - "РВП" дар соли 2023-ро муқаррар кард
Девони вазирони Русия дар соли 2023 барои шаҳрвандони хориҷӣ 13,5 ҳазор муҷаввиз барои будубоши муваққатӣ дар ин кишварро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Девони вазирони Русия теъдоди квота дар соли 2023 барои додани муҷаввизи будубоши муваққатӣ дар ин кишвар ба хориҷиён ва афроди бешаҳрвандиро муқаррар кардааст.
Бар асоси ин қарори кабинаи вазирон, ки дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидаст, соли оянда барои 13,5 ҳазор нафар додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар назар аст.
"Барои соли 2023 муқаррар карда шавад: квота барои додани 13 ҳазору 535 иҷозаи будубоши муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия бо тақсимот аз рӯи субъектҳо", — омадааст дар ҳуҷҷат.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки квотаи захиравӣ дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 4060 иҷозатномаи иқомати муваққатиро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 квота 18 ҳазору 955 иҷозатномаро ташкил медиҳад.
Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, маъмул ба "РВП" ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ имкони кору зиндагӣ дар Русия дар давоми 3 солро фароҳам мекунад.
Шаҳрванди хориҷӣ агар на камтар аз як сол дар асоси иҷозатномаи иқомати муваққатӣ дар Русия зиндагӣ кунад, метавонад довталаби иҷозатномаи иқомат ва баъдан шаҳрвандии кишвар шавад.