https://sputnik.tj/20221108/tajriba-jang-diversiya-general-marz-tojikiston-1052694467.html
Таҷрибаи ҷангу диверсия доранд: Генерал гуфт, киҳо дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд
Таҷрибаи ҷангу диверсия доранд: Генерал гуфт, киҳо дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазъият дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон мояи нигаронӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шудаст. Хатари асосӣ таҷаммӯи ҷангиён мебошад
2022-11-08T16:50+0500
2022-11-08T16:50+0500
2022-11-08T16:50+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
идм
дар тоҷикистон
генерал
хатар
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ, вале таҳти назорат аст. Ин нуктаро сардори Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ генерал-полковник Александр Манилов дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дошт. "Вазъият душвор, муташанниҷ, аммо таҳти назорат аст", - таъкид кард генерал-полковник. Вай зикр намуд, ки аввали моҳи ноябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ИДМ баргузор гардид. Ширкаткунандагони чорабинӣ вазъи марзҳои хориҷии Иттиҳод ва ҳамчунин самти Афғонистонро баррасӣ карданд, иттилоъ дод Манилов. Генерал изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи махсус ба таҷаммӯи ҷангиён дар навоҳии наздимарзии Афғонистон зоҳир гардид. "Баъзеи онҳо аз минтақаҳои ҷангӣ омадаанд, ки мояи нигаронии хосанд, чун инҳо на танҳо одамоне ҳастанд, ки дар тарафи дигар ҳастанд, балки омӯзишдидаанд, чӣ тавр истифода бурдани силоҳ, анҷом додани диверсия ва ҳамлаҳои террористиро медонанд", - гуфт Манилов.Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20221108/hushdor-rahbari-markazi-zidditerroristi-idm-afghoniston-1052693177.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерал, марз, тоҷикистон, ҷамъ
генерал, марз, тоҷикистон, ҷамъ
Таҷрибаи ҷангу диверсия доранд: Генерал гуфт, киҳо дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд
Вазъият дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон мояи нигаронӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шудаст. Хатари асосӣ таҷаммӯи ҷангиён мебошад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ, вале таҳти назорат аст.
Ин нуктаро сардори Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ генерал-полковник Александр Манилов дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дошт.
"Вазъият душвор, муташанниҷ, аммо таҳти назорат аст", - таъкид кард генерал-полковник.
Вай зикр намуд, ки аввали моҳи ноябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ИДМ баргузор гардид. Ширкаткунандагони чорабинӣ вазъи марзҳои хориҷии Иттиҳод ва ҳамчунин самти Афғонистонро баррасӣ карданд, иттилоъ дод Манилов.
Генерал изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи махсус ба таҷаммӯи ҷангиён дар навоҳии наздимарзии Афғонистон зоҳир гардид.
"Баъзеи онҳо аз минтақаҳои ҷангӣ омадаанд, ки мояи нигаронии хосанд, чун инҳо на танҳо одамоне ҳастанд, ки дар тарафи дигар ҳастанд, балки омӯзишдидаанд, чӣ тавр истифода бурдани силоҳ, анҷом додани диверсия ва ҳамлаҳои террористиро медонанд", - гуфт Манилов.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.