Ҳалокати зани 77-сола дар як садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи садамаи мудҳиш дар роҳи мошингарди “Спитамен-Ғулакандоз” ва ҳалокати як зани мусофири солхурда хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран дар роҳи мошингарди “Спитамен-Ғулакандоз” садамаи нақлиётии мудҳиш рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ронандаи ҷавони 26-сола соҳиби мошини тамғаи “БМВ-525” , сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Спитамен-Ғулакандоз” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни чапи дарвозаи даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин садама, мусофири автомашина Авезова Розия 77-солаи сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Ҳалокати мансабдори ҳукумати шаҳри Истаравшан зимни садама дар роҳ ба Душанбе
Зикр карда шудааст, ки худи ронанда ва мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоти ин ҳодисаи аз сӯйи кормандони милитсия Тоҷикистон идома дорад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи моҳҳои январ-июл дар Тоҷикистон 13,6 ҳазор ҷиноят сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 11% камтар аст. Дар ин миён танҳо шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истисноанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар он ҷо афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0