Эълони 4 рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз кай ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Обуна шудан
Мақомоти Идораи БДА бо нашри як эълони расмӣ дар бораи баста шудани ҳаракати нақлиёт давоми чаҳор рӯзи оянда дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Бино ба эълони мақомоти БДА, маҳдудшавии ҳаракат дар роҳҳои Суғд аз 13 ноябр шурӯъ шуда, то санаи 16 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
Мақомот бо нашри эълон, сабаби роҳбандии чаҳоррӯзаро ба ташрифи меҳмонони олимақом ба вилояти Суғд шарҳ додаанд.
Бино ба иттилои БДА, санаи 13 ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд–Конибодом то гардиши горгаз, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ ва Гагарин дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи Ф. Ахмедови ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон баста хощанд буд.
Рӯзи 14 ноябр ҳаракати нақлиётдар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон, ҳудуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи нақлиётгарди Деҳмой–Конибодом, шоҳроҳи Душанбе– Хуҷанд – Чаноқ то гардиши ноҳияи Деваштич, кӯчаҳои макразии ноҳияи Деваштич то деҳаҳои Зарнисор, Ғазантарак, Муҷум ва Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич номумкин мешавад.
Ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Аз Убайдуллоев то Зуҳуров: Ҳузури сиёсатматдарон ва чеҳраҳои шинохта дар Хуҷанд
Зимнан, рӯзи15 ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Рифъат Ҳоҷиев то маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд баста мешаванд.
Ниҳоятан рӯзи 16 ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаи ба номи С. Урунхуҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон баста мешавад.
Бо нашри ин иттилоия мақомоти БДА аз шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш намудаанд, ки дар вақти баста будани роҳҳо дар мавзеъҳои болозикр, ҳаракати худро аз тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 11 ноябр гурӯҳи нахустини меҳмонон иборат аз ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон бо як ҳавопаймо аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд.
Бунёди боғ то 30-юмин солгарди Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат: Раиси Суғд ниҳолшинонӣ рафт
Дар миёни меҳмонон аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ва раиси пешини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва собиқ раиси Порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ ҳузур доштанд.
30 сол муқаддам дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баргузории Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ дар ин макон, Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Қарор аст, тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0