Аз Убайдуллоев то Зуҳуров: Ҳузури сиёсатматдарон ва чеҳраҳои шинохта дар Хуҷанд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдҲайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
Ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ахиран гуруҳи калони меҳмонон аз гӯшаву канори Тоҷикистон барои иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи шанздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон шомил буданд.
Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.
© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдҲайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар Хуҷанд
Ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар Хуҷанд
Иттилоъ дода шудааст, ки меҳмонон нахуст дар пояи маҷмааи "Дуои Модар" чун рамзи эҳтиром ба модар гулу гулдастаҳо гузошта, аз гулгаштҳои зебои фурудгоҳ, ки тайи чанд соли охир ба макони зебову назаррабо табдил ёфтааст, боздид намуданд.
Бояд гуфт, ки тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб доир баргузор хоҳад шуд.
Қасри таърихии Арбоб макони баргузории иҷлосия буда, 30 сол пеш вакилони халқ маҳз дар толори он Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0