Дар Душанбе ронанда барои дағалгуфторӣ бо мусофирзан ҷарима шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПассажиры в маршрутке
Пассажиры в маршрутке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Обуна шудан
Ронанда нисбати мусофирзан рафтори дағалона намуда, ҳамчунин ӯро аз дохили нақлиёт берун кардааст. Дар асоси муроҷиати ҷавонзан, ронанда муайян ва ҷазо дода шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Душанбе боз як ронандаи дағалгуфтор муайян ва ҷазо дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохила дар пойтахт.
Бар хабари манбаъ, як ҷавонзани сокини Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба кормандони раёсат муроҷиат намуда, дархост кард, ки алайҳи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Ба таъкиди ин зан, ронанда ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати ҷавонзан дағалона рафтор намуда, ӯро аз автомашина берун кардааст.
Ҳабси кондуктор барои дашноми пирамард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Тафсилоти ҳабси кондуктор дар Душанбе: барои роҳкиро пирамардро дашном доду паст зад
Манбаъ меафзояд, зимни санҷиш ронандаи 29-сола муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Зимнан, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ шуд.
Дар хабари раёсат ҳаҷми ҷаримаи ронанда дақиқан оварда нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин ягона ҳолат набуда, қаблан низ ронандаҳо барои рафтори дағалона бо мусофирон боздошт ва ҷазо дода шуданд.
Лентаи хабарҳо
0