https://sputnik.tj/20221111/tavsea-robita-tijorati-iqtisodi-tojikistonu-turkmaniston-1052771404.html
Баррасии тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Баррасии тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ишқобод дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон, ҳамкориҳои судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад баррасӣ шуданд
2022-11-11T17:45+0500
2022-11-11T17:45+0500
2022-11-11T17:45+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
сиёсат
ҳамкорӣ
иқтисодӣ
робита
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052771156_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_7a509b3ae8d7000d1c431580676fedb6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Ашқобод даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Қайд карда шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайати Туркманистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев, зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсиро баррасӣ карданд.Ҳамчунин ҷонибҳо дар масоили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои тақвияти ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баён намуданд.Инчунин тарафҳо дар бораи такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар изҳори назар карданд.Масъулон ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи муқарраршуда дар сатҳҳои гуногунро барои диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкории судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад, таъкид намуданд.
https://sputnik.tj/20221111/tasmimi-tojikistonu-turkmaniston-dar-borai-tasisi-shuroi-sohibkoron-1052762557.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052771156_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_bd98f1571e5acb2e5e54f08973565919.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, робитаҳо, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тавсеа, манфиат, ҳамкорӣ, сиёсӣ
тоҷикистон, туркманистон, робитаҳо, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тавсеа, манфиат, ҳамкорӣ, сиёсӣ
Баррасии тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон
Дар Ишқобод дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон, ҳамкориҳои судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Ашқобод даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайати Туркманистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев, зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар масоили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои тақвияти ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баён намуданд.
Инчунин тарафҳо дар бораи такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар изҳори назар карданд.
Масъулон ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи муқарраршуда дар сатҳҳои гуногунро барои диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкории судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад, таъкид намуданд.