https://sputnik.tj/20221111/tasmimi-tojikistonu-turkmaniston-dar-borai-tasisi-shuroi-sohibkoron-1052762557.html
Тасмими Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорон
Тасмими Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд
2022-11-11T15:04+0500
2022-11-11T15:04+0500
2022-11-11T15:04+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
соҳибкор
комиссия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/21/1020962103_0:178:3007:1869_1920x0_80_0_0_a946eed83cf6bab7cf11906a7763a6f8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ ҷаласаи мазкур бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухамметгелди Сердаров баргузор гардид.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноат, маориф ва илм, тандурустӣ ва саноати тиббӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамзамон ҷонибҳо дар ин ҷаласа дар бораи зарурати таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ифтитоҳи хонаҳои савдо, инчунин имконияти тавсеаи сохтори Комиссияи байниҳукуматиро таъкид карданд.Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20221004/taghyirot-hamlu-naqli-turkmaniston-tavsiya-1051863277.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/21/1020962103_138:0:2869:2048_1920x0_80_0_0_e6a514151d39bf3da6dfd02383fb0be7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, туркманистон, ишқобод, тиҷорат, иқтисод, соҳибкорон
тоыикистон, туркманистон, ишқобод, тиҷорат, иқтисод, соҳибкорон
Тасмими Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорон
Дар Ишқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ҷаласаи мазкур бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухамметгелди Сердаров баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноат, маориф ва илм, тандурустӣ ва саноати тиббӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар ин ҷаласа дар бораи зарурати таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ифтитоҳи хонаҳои савдо, инчунин имконияти тавсеаи сохтори Комиссияи байниҳукуматиро таъкид карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника ба имзо расид.