https://sputnik.tj/20221004/taghyirot-hamlu-naqli-turkmaniston-tavsiya-1051863277.html
Тағйирот дар ҳамлу нақли бор тавасути қаламрави Туркманистон: Моқомот чӣ тавсия медиҳад?
Тағйирот дар ҳамлу нақли бор тавасути қаламрави Туркманистон: Моқомот чӣ тавсия медиҳад?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон хабар додааст
2022-10-04T13:43+0500
2022-10-04T13:43+0500
2022-10-04T13:43+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
тағйирот
ҳамлу нақл
гузаргоҳ
бор
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/19/1031634983_0:196:2897:1826_1920x0_80_0_0_d77e49ab92f261ed95191945f30e608e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бо фармони Президенти Туркманистон аз 14 сентябри соли 2022 ба қоидаҳо “Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт” тағйирот ворид гардидааст, иттилоъ додааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.Тибқи иттилои ин вазорат, тағйироти мазкур ба молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд, рабт дорад.Ҳамчунин вазорат таъкид кардааст, ки ҳаҷми пардохтҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ тибқи Барномаи Президенти Туркманистон дар бораи рушди дипломатияи нақлиётӣ барои солҳои 2022-2025, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон ба роҳ монда шудааст.Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба тарифҳо аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд.
https://sputnik.tj/20221003/barrasii-ravobit-dar-bakhshhoi-mukhtalif-miyoni-tojikistonu-turkmaniston--1051831222.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/19/1031634983_289:46:2897:2002_1920x0_80_0_0_8d819dbd90b34174a38c8350adebdbf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, вазорати нақлиёт, тавсия, сарҳад, гузаргоҳ, тағйирот, қоида, ҳамлу нақл
тоҷикистон, туркманистон, вазорати нақлиёт, тавсия, сарҳад, гузаргоҳ, тағйирот, қоида, ҳамлу нақл
Тағйирот дар ҳамлу нақли бор тавасути қаламрави Туркманистон: Моқомот чӣ тавсия медиҳад?
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бо фармони Президенти Туркманистон аз 14 сентябри соли 2022 ба қоидаҳо “Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт” тағйирот ворид гардидааст, иттилоъ додааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ин вазорат, тағйироти мазкур ба молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд, рабт дорад.
Ҳамчунин вазорат таъкид кардааст, ки ҳаҷми пардохтҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ тибқи Барномаи Президенти Туркманистон дар бораи рушди дипломатияи нақлиётӣ барои солҳои 2022-2025, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон ба роҳ монда шудааст.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба тарифҳо аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд.