Чемпионати Осиё барои муштзанҳои тоҷик бо 2 медал анҷомид

© RCC Boxing Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
Аз миёни 10 муштзани Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун 2 нафарашон барандаи ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, Баҳодур Усмонов дар нимфинал аз Шива Тҳапаи ҳиндустонӣ ва Муҳаммад Аброриддинов аз Камчибек Конкабаеви қазоқистонӣ шикаст хӯрданд.
Маврид ба зикр аст, ки Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Кувайт Нодир Бадрон, дар даври дуюм бар намояндаи Тайланд Сомчай Вонгсуван, дар чорякфинал бар варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиев пирӯз гардида буд.
Аброриддинов сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз шуда буд. Боқӣ 8 варзишгари дигари тоҷик натавонистанд, ба ҷоизаҳо дар чемпионат даст ёбанд.
Боксер Шавкат Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Ба нокдаун афтиду бо нокаут пирӯз гардид: Муштзани тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд
Аз ҷумла Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг) дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Намики Тсукими, Миҷгона Самадова (-57кг) дар даври аввал аз намояндаи Тайпей Ю-Тинг Лин шикаст хӯрданд.
Шоира Зулқайнарова (-60кг) пас аз ғалаба бар варзишгари Ҷопон Танака Ринка дар даври аввал, дар даври дуюм ба намояндаи Тайпей Шин-Йӣ Ву бохт.
Хусравхон Раҳимов (-57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари Тайпей Ченг-Вей Ли, Абдумалик Болтаев (-75кг) пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Сурия Аҳмад Ғоссон, дар даври дуюм аз варзишгари Ӯзбекистон Саидҷамшид Ҷаъфаров, шикаст хӯрданд.
Шаббос Негматуллоев (-80кг) дар даври аввали зӯрозмоӣ ба намояндаи Ҳиндустон Лакша Чаҳар, Наврӯз Ҷафоев (-86кг) дар чорякфинал ба намояндаи Қазоқистон Сагиндик Тогамбай ва Давлат Болтаев (-92кг) дар чорякфинал ба варзишгари Урдун Аҳмад Сулаймон зӯрозмоиро бохт.
Лентаи хабарҳо
0