Миллиардҳо доллар: Захоири тилову асъори Тоҷикистон чиқадар зиёд шуд?

Обуна шудан
Дар давоми беш аз 20 сол Тоҷикистон захираҳои тилову асъори худро ба таври назаррас афзоиш додааст: то соли 2021 захираҳо ба 2,5 млрд расидааст
Захираи тиллову асъори Тоҷикистон то охири соли гузашта 2,5 миллиард долларро ташкил додааст. Тибқи гузориши нави Бонки рушди АвруОсиё чунин арзишҳо ба 7 моҳи воридоти молу хизматрасонӣ рост меоянд.
Тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тайи 20 соли ахир динамикаи захираҳои тиллову асъори кишвар чӣ гуна тағйир ёфтааст.
Захираҳои тилову асъори Тоҷикистон аз ҳама дар БРАО, ба истиснои Қирғизистон камтар аст
Афзоиши онҳо аз коҳиши хатарҳои ноустувории тавозуни пардохт, ки вобаста ба касри ҳисоби ҷорӣ ва афзоиши қарзи беруна дар ду даҳсолаи охир шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, ки мутахассисони Бонки рушди АвруОсиё гузориши худро ба тағйироти сохторӣ дар иқтисоди Осиёи Марказӣ бахшиданд. Ба гуфтаи онҳо, дар 20 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақа беш аз 7 маротиба афзуда, суръати миёнаи афзоиш 6,2 фоизро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0