https://sputnik.tj/20220906/imzoi-sozishnomai-hamkori-khatlon-quniya-1051203150.html
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва Палатаи савдои Қуния
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва Палатаи савдои Қуния
Sputnik Тоҷикистон
Дар МОИ “Данғара” Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” баргузор гардид
2022-09-06T18:25+0500
2022-09-06T18:25+0500
2022-09-06T18:25+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
созишнома
имзо
хатлон
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/06/1051202992_0:50:1600:950_1920x0_80_0_0_b75371ae43a57ef3aa4307efc4f81a32.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Туркия.Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки миёни МОИ “Данғара” ва Парки технологии “Билишим Вадиси” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.Санадҳои мазкур дар доираи Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” ба имзо расидааст.Қайд карда шудааст, ки дар МОИ “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории “В2В” баргузор гардид.Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия барои дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард.
https://sputnik.tj/20220827/tashkili-palatai-tijoratiu-sanoatii-tojikiston-turkiya-1050978794.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/06/1051202992_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_bca0649aeda18078e92df2ca4fefdb58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, имзо, санад, хатлон, қуния, данғара
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, имзо, санад, хатлон, қуния, данғара
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва Палатаи савдои Қуния
Дар МОИ “Данғара” Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Туркия.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки миёни МОИ “Данғара” ва Парки технологии “Билишим Вадиси” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Санадҳои мазкур дар доираи Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” ба имзо расидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар МОИ “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории “В2В” баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия барои дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.
6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард.