Душанбе аз Теҳрон хост, даст доштани шаҳрвандаш дар ҳамла ба Шоҳчароғро шарҳ диҳад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ба Эрон дар робита ба даст доштани шаҳрванди кишвараш дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғ дархости расмӣ ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшани андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз даст доштааст ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамала аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас нашудааст.
“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, - изҳор доштааст вазорати хориҷа.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Мақомоти Эрон: Нафаре, ки дар Шоҳ Чароғ оташ кушод, тоҷикистонист
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расонаи хабарии “ИРНА”, мақомот 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.
Расонаҳо хабар доданд, ки тирандоз дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ шаҳрванди Тоҷикистон бо тахаллуси "Абу Оиша”, будааст.Ӯ дар ҳамла ба ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро куштааст.
Лентаи хабарҳо
0