Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани интихоботи судяҳо

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
Интихоботи машваратчиёни халқии Судӣ, судҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо аз 21 ноябр то 21 декабри соли равон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар фармони нашршудаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, санаи таъйин намудани интихоботи машваратчиёни халқии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо нашр шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи машваратчиёни халқии Судӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз 21 ноябр то 21 декабри соли 2022 гузаронида шавад.
Раисҷумҳур фармон додааст, ки раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқиро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.
Президент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Дигар иҷрокунандаи вазифа нест: Фармони президент дар бораи таъйиноти Сафарзода
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, машваратчиёни халқии судҳо бо назардошти таҷрибаи зиндагӣ, рафтору эътибор ва маҳалли зисти онҳо интихоб мешаванд ва шарт нест, ки онҳо дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ бошанд.
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов машваратчиён баъди таҳлили моҳияти ҷиноят ва ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда ба додрас ибрози ақида мекунад ва назарашонро ба инобат гирифта мегиранд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, машваратчиёни суд танҳо дар баррасии парвандоҳе ширкат мекунанд, ки пушти дарҳои боз баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0