Эрон аз сохтани нахустин мушаки фаросавтии баллистикӣ хабар дод

© APЗапуск гиперзвуковой ракеты
Запуск гиперзвуковой ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
Мушакҳои баллистикии истеҳсоли миллӣ қодиранд, ки бар зидди системаҳои замонавии мудофиаи ҳавоӣ манёвр анҷом дода, зарбаи дақиқ зананд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Эрон мушакҳои баллистикии фаросавтиро сохтааст. Дар ин бора хабаргузории Tasnim News бо такя ба фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Амиралӣ Ҳоҷизода хабар додааст.
Ба гуфтаи фармондеҳи низомии Эрон, нахустин таҳаввулоти сохти фаросавтии дохилӣ як ҷаҳиши бузурги сифатӣ дар тавлиди насли нави мушакҳо мебошад.
"Фикр намекунам, ки дар даҳсолаҳои наздик технологияе, ки қодир ба дафъи онҳост, эҷод шавад", - гуфт Ҳоҷизода.
Мушакҳои баллистикие, ки Эрон таҳия кардааст, қодир аст, ки ба ҳама муосиртарин системаҳои дифои ҳавоӣ ворид ва зарба занад.
Онҳо бо суръати баланд хос буда, чӣ дар фазои атмосфераи замин ва чӣ берун аз он манёвр карда метавонанд.
Иранские военные учения с применением беспилотников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Тоҷикистон хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст
Қаблан Эрон мушаки нави баллистикии "Резвон"-ро муаррифӣ карда буд.
Масофаи парвози он 1400 километр буда, онро ҳам аз платформаҳои доимӣ ва ҳам аз платформаҳои мобилӣ сар додан мумкин аст.
Мушаки дақиқзани баланд аз суръати садо 8 маротиба тезтар парвоз карда метавонад.
Лентаи хабарҳо
0