https://sputnik.tj/20221110/bozdosht-mansabdorero-kulob-ittihom-zarar-davlat-1052729663.html
Боздошти мансабдореро дар Кӯлоб бо иттиҳоми зарар ба давлат
Боздошти мансабдореро дар Кӯлоб бо иттиҳоми зарар ба давлат
Sputnik Тоҷикистон
Дар сурати тасдиқи айбдорӣ мансабдорро бар асоси моддаҳое, ки ӯ айбдор мешавад, ҷаримаи то 172 ҳазор сомонӣ ва ваё аз 10 то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад
2022-11-10T11:00+0500
2022-11-10T11:00+0500
2022-11-10T11:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Як мансабдори давлатӣ дар шаҳри Кӯлобро Оҷонсии зидди фасод барои сӯистифода аз мансаб дастгир кардаастБино ба гузориши ин ниҳод, дастгиршуда директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” будааст.Гуфта мешавад М.М. дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.Ба иттилои манбаъ мавсуф аз барои барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима 513,3 ҳазор сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифтаву пурра сарф накардааст.Ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида аз маблағи зикршуда танҳо 329,3 ҳазор сомонияшро хароҷот карда, боқимонда маблағи 184 ҳазор сомонияшро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст,Оҷонсӣ мегӯяд, ин амали М.М. ба давлат зарари калони моддӣ расонид.Ҳамакнун оид ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
https://sputnik.tj/20220926/rais-assotsiatsiya-fireb-biznes-ledi-khatlon-1051680815.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт мансабдор кӯлоб иттиҳоми зарар давлат
боздошт мансабдор кӯлоб иттиҳоми зарар давлат
Боздошти мансабдореро дар Кӯлоб бо иттиҳоми зарар ба давлат
11:00 10.11.2022 (Навсозишуда: 11:05 10.11.2022) Дар сурати тасдиқи айбдорӣ мансабдорро бар асоси моддаҳое, ки ӯ айбдор мешавад, ҷаримаи то 172 ҳазор сомонӣ ва ваё аз 10 то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Як мансабдори давлатӣ дар шаҳри Кӯлобро Оҷонсии зидди фасод барои сӯистифода аз мансаб дастгир кардааст
Бино ба гузориши ин ниҳод, дастгиршуда директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” будааст.
Гуфта мешавад М.М. дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.
Ба иттилои манбаъ мавсуф аз барои барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима 513,3 ҳазор сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифтаву пурра сарф накардааст.
Ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида аз маблағи зикршуда танҳо 329,3 ҳазор сомонияшро хароҷот карда, боқимонда маблағи 184 ҳазор сомонияшро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст,
Оҷонсӣ мегӯяд, ин амали М.М. ба давлат зарари калони моддӣ расонид.
Ҳамакнун оид ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.