https://sputnik.tj/20221109/sobyanin-narkh-patent-1052725868.html
Собянин болоравии нархи патентро тасдиқ кард: Дар куҷо чанд пул хоҳад буд?
Собянин болоравии нархи патентро тасдиқ кард: Дар куҷо чанд пул хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Маоши муҳоҷирони корӣ дар он бахшҳое, ки фаъолият доранд, афзоиш ёфтаст ва мутаносибан ҳаққи патент дар Маскав низ боло бурда мешавад, гуфт шаҳрдорӣ
2022-11-09T21:00+0500
2022-11-09T21:00+0500
2022-11-13T17:36+0500
дар русия
муҳоҷират
нарх
патент
маскав
зиёд шудан
сергей собянин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/07/1013970727_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_38c81d4f3382d2895903ff97c3220988.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард.Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6,6 ҳазор рублро пардохт намоянд. Соли равон ин нишондиҳанда ба 5,9 ҳазор рубл дар як моҳ баробар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон барои кор дар Русия патент мегиранд, ки қисми зиёдашон ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд. Қаблан мақомдори бахши рушди иқтисоди Маскав, Даря Мурченко изҳор дошт, ки соли 2022 маоши расмии муҳоҷирон дар бахшҳое, ки фаъолият доранд ҳудуди 11,5% афзоиш ёфт ва мутаносибан ҳаққи патент низ боло бурда мешавад. Интизор меравад, ки аз ҳисоби болоравии нархи патент дар Маскав буҷаи пойтахти Русия даромади иловагӣ ба андозаи 3 млрд рубл гирад. Таъкид мегардад, ки ҳамин тариқ сарбории андозии муҳоҷирони корию шаҳрвандони муқимӣ баробар карда мешавад. Қаблан хабар дода шуд, ки нархи патент дар минтақаи маъруфи дигар миёни муҳоҷирон - шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград аз 4200 то 4400 рубл боло бурда мешавад. Дар вилояти Самара ҳаққи патент, ки феълан ҳудуди 4,4 ҳазор рубл аст, то 5,7 ҳазор рубл боло меравад.
https://sputnik.tj/20221109/registratsiya-afrodi-mamnu-overchuk-muhojiron-1052714524.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/07/1013970727_327:0:3058:2048_1920x0_80_0_0_0932eaacef27ac48f9ed40682deed09c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, патент, сол, маош, афзоиш
нарх, патент, сол, маош, афзоиш
Собянин болоравии нархи патентро тасдиқ кард: Дар куҷо чанд пул хоҳад буд?
21:00 09.11.2022 (Навсозишуда: 17:36 13.11.2022) Маоши муҳоҷирони корӣ дар он бахшҳое, ки фаъолият доранд, афзоиш ёфтаст ва мутаносибан ҳаққи патент дар Маскав низ боло бурда мешавад, гуфт шаҳрдорӣ
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард.
Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6,6 ҳазор рублро пардохт намоянд. Соли равон ин нишондиҳанда ба 5,9 ҳазор рубл дар як моҳ баробар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон барои кор дар Русия патент мегиранд, ки қисми зиёдашон ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд.
Қаблан мақомдори бахши рушди иқтисоди Маскав, Даря Мурченко изҳор дошт, ки соли 2022 маоши расмии муҳоҷирон дар бахшҳое, ки фаъолият доранд ҳудуди 11,5% афзоиш ёфт ва мутаносибан ҳаққи патент низ боло бурда мешавад.
Интизор меравад, ки аз ҳисоби болоравии нархи патент дар Маскав буҷаи пойтахти Русия даромади иловагӣ ба андозаи 3 млрд рубл гирад. Таъкид мегардад, ки ҳамин тариқ сарбории андозии муҳоҷирони корию шаҳрвандони муқимӣ баробар карда мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки нархи патент дар минтақаи маъруфи дигар миёни муҳоҷирон - шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград аз 4200 то 4400 рубл боло бурда мешавад. Дар вилояти Самара ҳаққи патент, ки феълан ҳудуди 4,4 ҳазор рубл аст, то 5,7 ҳазор рубл боло меравад.