https://sputnik.tj/20221109/registratsiya-afrodi-mamnu-overchuk-muhojiron-1052714524.html
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук бо мақомдорони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе масоили марбути муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кард
2022-11-09T15:00+0500
2022-11-09T15:00+0500
2022-11-09T15:00+0500
дар русия
ҷалби муҳоҷирон
қайд
иқомат
муҳоҷират
алексей оверчук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052713489_0:122:3135:1885_1920x0_80_0_0_d66a6ade2bf681330ef09c14336aa192.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар самти шароити муҳоҷирати корӣ дар Русия бархе сабукию беҳбудиҳо сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора ноиби раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ФР ва Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар назар аст, замимаи мобилиро фаъол созанд, ки барои муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи кору анҷоми расмиёти зарурӣ кумак намояд. Ҳамчунин аз тариқи ин замима имкони гирифтани хадамоти давлатӣ фароҳам хоҳад шуд, афзуд ноиби раиси ҳукумати Русия. Дар баробари ин роҳандозии хадамоти онлайнӣ дар назар аст, ки бо дақиқияти баланд маълумот дар бораи мамнуъ будани вуруд ба Русия барои шаҳрвандони алоҳидаро пешниҳод менамояд, изҳор дошт Оверчук. Ин феълан боиси сар задани бархе мушкилот шудааст, илова намуд ӯ. Ваъдаҳо барои осонсозии кору иқомоти муҳоҷирон дар Русия дар ҳолеянд, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР меравад. Маблағи интиқолдодаи онҳо манбаи аслии таъмини хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи муҳоҷират гуфт, танзими ин масъаъа аз мавзуъҳои муҳиму аслии суҳбатҳо бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин мебошад.Дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд, изҳор дошта буд Раҳмон. Вай таъкид намуд, ки ҳукумат ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷират таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.
https://sputnik.tj/20221109/dushanbe-taqviyat-maktab-rusi-tojikiston-1052709154.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052713489_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7115f3fbeb3af7ad70c2705489c828ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, сабукӣ, муҳоҷирон, русия
ваъда, сабукӣ, муҳоҷирон, русия
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Муовини раиси ҳукумати Русия бо мақомдорони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе масоили марбути муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карда, аз ниятҳо дар ин бахш гуфт
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар самти шароити муҳоҷирати корӣ дар Русия бархе сабукию беҳбудиҳо сурат хоҳанд гирифт.
Дар ин бора ноиби раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар пайи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ФР ва Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ иттилоъ дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, дар назар аст, замимаи мобилиро фаъол созанд, ки барои муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи кору анҷоми расмиёти зарурӣ кумак намояд. Ҳамчунин аз тариқи ин замима имкони гирифтани хадамоти давлатӣ фароҳам хоҳад шуд, афзуд ноиби раиси ҳукумати Русия.
Дар баробари ин роҳандозии хадамоти онлайнӣ дар назар аст, ки бо дақиқияти баланд маълумот дар бораи мамнуъ будани вуруд ба Русия барои шаҳрвандони алоҳидаро пешниҳод менамояд, изҳор дошт Оверчук. Ин феълан боиси сар задани бархе мушкилот шудааст, илова намуд ӯ.
Ваъдаҳо барои осонсозии кору иқомоти муҳоҷирон дар Русия дар ҳолеянд, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР меравад. Маблағи интиқолдодаи онҳо манбаи аслии таъмини хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи муҳоҷират гуфт, танзими ин масъаъа аз мавзуъҳои муҳиму аслии суҳбатҳо бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин мебошад.
Дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд, изҳор дошта буд Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки ҳукумат ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷират таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.