Мақомдори Русия: "регистратсия"-и муҳоҷирон сабуктар мешавад

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Ноиби раиси ҳукумати Русия, ки феълан дар садри як ҳайати кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, аз сабукиҳои эҳтимолӣ барои сабти номи муҳоҷирон гуфт
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда мешавад, то қайди муҳоҷиратӣ ва ё "регистратсия" дар ҷои иқомат барои хориҷиён осонтар шавад.
Ин нуктаро ноиби раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, дар пайи иштирокаш дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ФР ва Тоҷикистон дар Душанбе баён дошт.
Ба гуфта ӯ, бар асоси тағйироти тарҳрезишуда интизор меравад, муҳоҷир бевосита имкон дорад, мустақилона раваду худро дар қайд монад. Зарурати шахсан рафтани худи соҳиби хона, ки манзилро ба муҳоҷир ба иҷора медиҳад, аз байн меравад, тавзеҳ дод мақомдори Русия.
Маврид ба зикр аст, ки феълан шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, дар давоми 15 рӯз баъди вурудашшон ба қаламрави Русия худро дар қайди муҳоҷиратӣ дар маҳалли иқоматашон монанд. Умдатан ин кор бо ҳузури бевоситаи қабулкунанда дар идораи муҳоҷирати маҳалли истиқомат сурат мегирад.
Открытие представительства Многофункционального миграционного центра Москвы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?
Қаблан сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, Валентина Казакова гуфт ниҳодашон сари тарҳе кор дорад, ки муҳлати ягонаи қайдро барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар мекунад.
Аз ҷумла пешниҳод мегардад, ки хориҷиён давоми 30 рӯз дар макони иқоматашон худро ба қайд гиранд, тавзеҳ дод ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0