https://sputnik.tj/20221109/faolsozi-markazi-muhojiratii-rusiya-dushanbe-1052714033.html
Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?
Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?
Sputnik Тоҷикистон
Фаъолияти Маркази муҳоҷиратӣ дар Душанбе ба огоҳсозии муҳоҷирону мусоидат барои будубоши роҳаташон пеш аз сафар ба Русия равона хоҳад шуд
2022-11-09T16:00+0500
2022-11-09T16:00+0500
2022-11-09T19:16+0500
муҳоҷират
дар тоҷикистон
марказ
ифтитоҳ
алексей оверчук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052721197_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_f6e9fdb18d730f6d6aad0280e1de69ae.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе Маркази муҳоҷиратиро фаъол мекунад, иттилоъ дод ноиби раиси ҳукумати ФР, Алексей Оверчук. Оверчук, ки дар садри як ҳайати ҳукуматии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба рӯзноманигорон гуфт, маросими ифтитоҳи Маркази муҳоҷиратӣ 9 ноябр сурат хоҳад гирифт. Маврид ба зикр аст, ки музокирот барои ифтитоҳи маркази мазкур қаблан низ сурат гирифта, ҳадафи он тавзеҳ дод ашуд. Аз ҷумла қаблан зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии "Маркази муҳоҷират"- и шаҳри Маскав Сергей Балдин ин масъала баррасӣ гардида буд. Тавзеҳ дода шуда буд, ки вазифаҳои Маркази муҳоҷират аз ҷумла паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Русия, огоҳ кардани корфармоён дар бораи мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирон, тафтиши имкони вуруд дохил мешаванд. Инчунин интизор меравад маркази мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи масъалаҳои шуғл, тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош ва ғайраро тавзеҳ медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20221109/registratsiya-afrodi-mamnu-overchuk-muhojiron-1052714524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052721197_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_5d1479cacbd521525dd9df16f56a0412.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаъолсозӣ, маркази муҳоҷиратӣ, душанбе, тоҷикистон
фаъолсозӣ, маркази муҳоҷиратӣ, душанбе, тоҷикистон
Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?
16:00 09.11.2022 (Навсозишуда: 19:16 09.11.2022) Фаъолияти Маркази муҳоҷиратӣ дар Душанбе ба огоҳсозии муҳоҷирону мусоидат барои будубоши роҳаташон пеш аз сафар ба Русия равона хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе Маркази муҳоҷиратиро фаъол мекунад, иттилоъ дод ноиби раиси ҳукумати ФР, Алексей Оверчук.
Оверчук, ки дар садри як ҳайати ҳукуматии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба рӯзноманигорон гуфт, маросими ифтитоҳи Маркази муҳоҷиратӣ 9 ноябр сурат хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки музокирот барои ифтитоҳи маркази мазкур қаблан низ сурат гирифта, ҳадафи он тавзеҳ дод ашуд.
Аз ҷумла қаблан зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии "Маркази муҳоҷират"- и шаҳри Маскав Сергей Балдин ин масъала баррасӣ гардида буд.
Тавзеҳ дода шуда буд, ки вазифаҳои Маркази муҳоҷират аз ҷумла паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Русия, огоҳ кардани корфармоён дар бораи мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирон, тафтиши имкони вуруд дохил мешаванд.
Инчунин интизор меравад маркази мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи масъалаҳои шуғл, тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош ва ғайраро тавзеҳ медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.