Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз хатари ДОИШ* ва вазъи Афғонистон

© Sputnik / Рамиз БахтияровЕвгений Сысоев
Евгений Сысоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва паёмадҳояш барои минтақа ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Созмони террористии ДОИШ* тарҳрезии амалиёт алайҳи лоиҳаҳои байналмилалии кишварҳои пасошӯравӣ ва Афғонистонро вусъат бахшидааст.
Ин нуктаро роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, Евгений Сисоев зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили амниятӣ дар Тошканд баён дошт.
Ӯ зикр намуд, ки роҳбарони гуруҳ ба ҷиҳод алайҳи ба ном "ғуломии Чин, Русия, Покистон ва Туркия" даъват кардаанд.
Сисоев изҳор дошт, ки чунин раванд метавонад ба сохтмони роҳи бузурги оҳани фароафғонистонӣ, Тирмиз - Кобул - Пешовар ва лӯлаи гази Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳиндустон зери хатар гузорад.
Вай ҳамчунин ҳушдор дод, ки бад шудани вазъият дар Афғонистон ба амнияти минтақа таҳдид дорад.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Кобулов: Толибон дар конфронси ояндаи Маскав дар бораи Афғонистон ширкат намекунанд
"Таназзули иҷтимоию иқтисодӣ, гурезаҳо, таҳкими танишҳои қавмию мазҳабӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва нашъаҷаллобӣ ба маротиб хатар ба амнияти Осиёи Миёнаро афзоиш медиҳад", - гуфт Сисоев.
Ӯ бо такя ба арзёбии коршиносона илова намуд, ки дар сурати оҷизии толибҳо дар идораи кишвар қисми зиёди Афғонистонро алангаи ҷанг фаро хоҳад гирифт.
"Дар кишвар метавонанд амалиёти ҷангӣ рух диҳанду таҳти назорати ҷиҳодиҳои маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалии террористӣ қарор хоҳад гирифт", - афзуд роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ,
Вай ҳушдор дод, ки дар чунин шароит эҳтимоли содироти бесуботӣ ба фазои иттиҳод ва СҲШ вуҷуд дорад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо аз нимаи августи соли гузашта ҳукумат дар Афғонистонро дар ихтиёр доранд. Шарти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи ҳукуматдорони нав риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон ва ташаккули ҳукумати фарошумул бо ҷалби гуруҳҳои мухталифи қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ мебошад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0