Раиси Душанбе ба Раҳимов хона ва ба Халифаев пул дод

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷике, ки дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 ё худ "Baku Grand Slam 2022" медал ба даст оварданд, соҳиби туҳфҳои гаронарзиш шуданд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ҷудокорони тоҷик, Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаевро қадрдонӣ кард.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, раиси Душанбе ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тило дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 хонаи 2-ҳуҷрагӣ дод. Таъкид шудаст, ки хонадар пойтахт ҷойгир буда, бо тамоми шароити рӯзгор таъмин мебошад.
Муллораҷаб Халифаев, ки дар Боку ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқра даст ёфт, аз сӯи раиси Душанбе бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд
Мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" аз 4 то 6 ноябр баргузор гардида, дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён Раҳимов нишони тило ва Халифаев нуқра ба даст оварданд.
Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд. Ин аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.
Лентаи хабарҳо
0